Бахшҳо

Номаи хонанда ба Илҳомҷон Ҳамидов: Ба гӯши кӣ афсона мехонед?

Сӯҳбати хабарнигори “Озодагон” бо Илҳомҷон Ҳамидов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар рӯзи ҷавонон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Агар гуруҳе аз мавқеи Ҳамидов, ки гуфта буд, ҷавонон бояд аз шароити имрӯза шукргузорӣ кунанд, тарафдорӣ карда бошанд, аксарият ин ҳарфҳоро ба боди танқид кашидаанд.

Аз ҷумла яке аз хонандаи мо бо номи Уғулой дар бахши “коммент” ё шарҳҳои торнамои “Озодагон” хитоб ба Илҳомҷон Ҳамидов номае навиштааст, ки онро дар шакли комилаш нашр мекунем:


“Илҳом Ҳамидов, Шумо мегӯед, имрӯз ҷавонони мо пеш рафтаанд ва озоданд. Ба гӯши кӣ афсона мехонед? Магар мардумро то ҳамин дараҷа бесавод ё гӯл меҳисобед? Ман аз Шумо чунин суханҳоро интизор набудам.

Ман ҳам "патриот" ҳастам, вале симои Ватанро на дар мансабдорону раҳбарон ва ватандӯстдориро на дар дӯст доштани раҳбарон мебинам. Ман ватанамро дар симои халқи азизам мебинам, ки имрӯз азият мекашад.

Якум, ҷавонон озодии сиёсӣ надоранд. Дувум, ҷавонон ба дарёи бесаводӣ ғӯтавар шуда истодаанд. Барои мисол, узвият дар китобхонаи боҳашамати воҳиманок маҷбурист. Ҷавонони тоҷик хеле қафо мондаанд, ҳатто забони русиро балад нестанд.

Ин диссертатсияҳои менавиштаи ҷавонони мову Шумо ба кор намеоянд, харидаву фурӯхта шудаанд ва хамчунин “копироват” шудаанд. Киро фиреб мекунем? Худамонро? Мисли рӯбоҳе, ки қадаш ба ангур нарасидаасту ҳоло ангур хом гуфта рафтааст? Ана, ба чӣ монанд шудаем.”
Мӯҳр
Nik
Угулой))вакте шумо нодонед,дисертатсияхоро копи карда мехаред,хондан намехохед ба ин давлат гунахкор аст))шумо шикоят аз он доред ки шуморо мачбуран ба китобхона мебаранд))))аз ин нигарони доред?ин аст акли щумо? Доногиву нодони аз шумо вобастаги дорад на аз давлат))))) шумо хатто мафхуми патриотро намедонед))

Човид
Манхам ба ин нома мувофикам.Чаро дар вохурии рохбари давлат сухбат бо садхо хазор мухочири чавоне ки дар Русия бо шароити вазанин ва дахшатовару токатфарсо кор мекунанд доир нашуд.Чаро гуфта нашуд ки ин азобхо кай поин меёбанд.Мо душмани ватану миллати худ нестем охир ончиро ки мебинем мегуем.Бо додани духазор айпад ба чавонон ин мушкилихо раф намегардад ё бо шукру сабр кардан.Илхом бародари гироми биёед аз хисоби анахамун олимчахову донишмандони чавоне ки шумо мегуд як комисия ташкил кунем рафта дар саросари Русия бубинем ки чавонон дар чи холанд?.Як бор тахлил кунем ки чикадар чавон бади хатми донишгох сохиби кори мувофик мешаванд?Бидуни гараз тахлил намоем ки зиндагии чавонони мо дар кадом сатх асту донишу маърифат ва илмомузиашон дар шароити феъли ба чи рабт мегирад?.Биёед бидину гаразу душманкоби тахлил мекунем бад мегуем ки аз шароити имруза шукр накардан беинсофист ё боинсофист?Дар курсии мулом шиштаву дар ватан харчи гуфтан осон аст аммо дар сахрохои хунуки Расия зери сангу битион истодан бад мефахми ки ватану ватандори яне чи?Бо тамоми масъулият мегуям ки агар имшабуруз 200 хазор чавонон ба Точикистон депорт шаванд хеч як нафари шумо на кори илми карда метавонед на нони хурдан меёбед ва хатто дигар дар шароити орому осуда гашта наметавонед.Аз ин ру шукри чунин чавононро карду дар хакашон дуо кунед ки хеч офату газанде ба рояшон нарасад.Мохе нест ки як ё ду чавон дар русия кушта нашавад хамаи ин бо чурми хамон лаганбардорону хушомадгуихое хаст ки доим мегуянд дар кишвар хамачиз хуб асту шароит барои хамаи чавонон фарохам аст!!!

Ман ба ин акидаи шумо рози буда наметавонам . Имруз моро чи дарде фаро гирифтааст , ки пайваста ба ину он эрод мегирему аз пешрафту дастовардхо никоб бар руи хеш мекашем. Чаро дастовардхои чавононро нодида мегиред? Якчизро дониста бош, ки дар хар миллати руи дунё он табака чавонхое , ки шумо ба дарёи бесаводи гутаварашон медонед хаст ва мебошад.

Угулой ба чузъ аз эрод гирифтан пешниходи хуб дигар надошти?!! Инсони комил аввал чихатхои мусбати корро арзёби мекунад, баъдан манфиро. Ягон давлати дунё бе мушкили нест. Озодии сиёсие,ки мегуед вай хам барои мо лозим аст, агар бошад хам, имруз ба кадри кофи озод аст. ВАУ-и Русияро чун мисол меорам,ки имруз аз хукумати ин давлат бисёр пуштибони мекунад. Расонахои мустакили мо бошанд баръакси хол амал менамоянд. Илхомчон бамаврид кайд карданд. Давлатро халк обод мекунад. Мо бошем пурра хама чизро бар души хукумат вогузоштаем. Магар ягон лоихаи дуруст пешниход кардаи, ки хукумат рад карда бошад? Нуктагири кори танбалон аст!!

точик
хеле хуб аст, ки имрузхо тавассути ин гуна сайтхо ахли чомеа метавонанд доир ба хар масаълаи матрахмегардида андешарони намоянд. масалан, ман баромад ва андешаронии Илхомчонро дар мулокот бо сарвари давлат имкони шунидан пайдо накардам. аз ин каментарияхои шуда якин дарк намудам, ки Илхомчон мурочиат ба ахли чавонони кишвар намуда хостгори шукргузор будани чавонон гардидааст. Вокеан, мо бояд хамеша шукргузор бошем. Мо дидан мехохем, ки ватани азизамон пешрафта бошад, истехсолоти ватани дар хама сохахахои хочаги ва саноати ба рох монда шавад. Худ мухочирати мехнати чумбиши чахони дорад ва хамаи давлатхоро фаро гирифтааст. аммо дар аксари кулли кишвархои мутамаддин раванди мухочирати идорашаванда аст. бояд дар Точикистон дар самти сохта ба истифода додани корхонахои азими саоати бештар фикр кард. мутассифона омили фарханги бе рушди истехсолот ба пешрави ва тараккиёти давлат оварда расонаида наметавонад.
шахсан, ман ба Хукумати имрузаи точикистон ахсан мегуям, танхо ба хотири мавчуд будани оромиву сулх ва вахдат дар чомеа.
маъзарат мехохам ин андешаи шахсии ман аст.

Неъмат
Илхомчон донандаи хуби забони точики, руси ва англисист.Як чавони бедордилу огох ва замонави аст. Фикр намекунам у дарди чомеаро камтар аз шумо эхсос мекунад. Чун худаш хеле сахтихоро дидааст. То хол ба неруи худаш такя мекунад. Худсоз аст. Аз он, ки назди Президент хушгуи кардаву кореву касеро васф намудааст, инро наметавон камоли нодони ё далели ноогохии у хонд. Ин хам як дипломатия аст ва вассофии у намоде аз мусбатандеши ва фарханги эхтироми уст.
Мову шумо факат камбудро мегуем, то х,ушдор дихем. У бехбудро гуфтааст, то таскин дихад, рухбаланд созад.
Дар ин дунё хама аз як вижагии худ истифода мекунанд. Ё танкид кун, руз гузарон, ё таъриф куну рузатро пеш бар.

На хама чавонон

на хама чавонон бесаводанд, дар хар гурухи дарси як-то ду-то бесавод хама давру замонхо буд.
Хозир дигар диссертатсияро дузди карда намешавад, Угулой-бону, барномаи махсуси плагиат хаст, ки дуздиро мекапад.

чавон
Хайф точик хайф ман як чизро намефахмам ки чаро нафаре мехохад хакикатро гуяд дигархо уро хатман душман мебароранд.Ачиб моку зиди сулху ороми нести аммо афсус ин шукру шукронахои ночо ва хакикатро надидану дуруг гуфтан танхо дар фикри як гурухи хурд будан пардаи ин сулху оромиро медарад ва хеле сангин меафтад барои миллати точик.Тамоми телевизионхои далати агентихои хабари газетахои ки бо тиражхои калон мебароянд тарифу тавсиф ва шукри хукуматро мегуянд хечга намешавад.Хамин ки ду чавони точик назари интикоди дар баъзе масъалахо ки дар хукумат хаст ва саро по пури айб хастанд базе мансабдорони мо мегуянд хатман онхоро тундгаро ё ношукр мегуянд эй камтар аз худо тарсед шарм кунед номусу вичдон доред ё не?

Карим
Фабрикаи чавоб аз хоб бедор шудааст.Угулойбону сад дар сад хак аст.Шумо агар 40-50 нафар бошед чавонон 2-3 миллинанд.Ба чашми ки хок мепошед.

Оффарин Угулой сад фоиз рост мегуи, браво! Худованд сафи инхел рушанфикронро зиёд гардонад.

Журналист
Э ин бачара хоидан-ку. wink
Аз чавобои Угулой маълумай, ки ин чавона мешиноса, худуш гуфтай ки "Ман аз Шумо чунин суханхоро интизор набудам". Гуш куненда, хама бадбахтихои мо дар хамиай ки ягон бор бегона чиземон намега, хама кора худи мекуна. О ту духта ними хами бача бша, ба гап за.
Ман Илхомчон Хамидова мешиносум ва медонум, ки у ягон бор ба хич ка хушомад накардай, оташу очаш маълиман тарбияи хуба гирифтагияй. Барои зиндагиша гузарондан бисёр захмат мекаша, зану кудакоша худуш мехурона ай замони мактабхониша кор мекуна ва пастию баландира зиёд дидай. Шояд барои хами мега ки аз шароит шукрона мекунум.
О баъд пешравии донишгохи худшона гуфтай ва хостай дигаро ай Донишгохи милли ибрат бигиран. Офарин ба у. Точикистон камбудии зиёд дора, некин пешравишам хастай-ку. Чавонони гарени пуранд.
Ягон майда зик наша Илхомчон Хамидов. Мо бо худутем. И мардуми бахила чи мегуй дига охи. Ай ису усу пул гирифтагиан вохима доран.

Aksi sado
E barodaro biyoed xudi hozir ekspriment meguzaronem ! Omodaed? Sarkardem! Dar kujoe ki naboshed yakbor chashmatonro az manitor kanedu ba girdu atrof nigoh karda yagon chizero ki istehsoli vatani ast yobed ! Xub nazar kuned ba girdu atrofi xonaaton ba farshi xona ba bomi xona ba saru libosaton , ba jorubaton jorubi xonarubi ne naski ba jorubi xonarubiham nigoh kuned ham mayli ! Yagon ashyo yo aqalan misli sari suzan chizero daryofted ki moli istehsoli xudi tojiliston ast? Ne albatta nayofted ! Yofted chi budaast on ? Chi xok? Bale kulexhoi xonaaton ki onro shoyad boboyaton bo dasti xudash gil soxta kulux soxtaast! Aknun andesha kuned in jihozi xonaaton istehsoli kujoast. Xitoy, rusiya turtsiya.... Ammo tjk ne. Boqi insofi dovari ba xudi shumo . Ba gufti gapo toqii sarro ba peshaton monedu onro baroi xud qozi qaror dihed!

Ассалому ъалайкум бародарон ва хамватанони азиз.
Хар як шахс мехохад, ки дар як чои нагзи сердаромад кор кунад ва пеш аз хама худашро ва зиндагии шахсии худашро тенчу обод кунад. Баъд аз он хешу табор ёру рафик баъд ВАТАН инеро, ки мо гуфтем шароити хозира аст, ки бе ин намешавад. Хайр майлаш як сол ду сол барои худ кор кун ва ВАТАНРО баъд обод кун вале ОБОД кун. Ту хонаи худро обод мекуни магар номус медони, ки ватанамонро обод куни ё бо сухани дуруг обод мешавад?... Шукри хазрати ХУДОВАНДИ мутаъол, ки дар Точикистони мо хама чавонон босаводанд ва шукргузори хам мекунанд лекин бо хондану кор дар Русия намешавад. Рости гап чандин бор суханони сахт навиштем дар сахифаи ОЗОДАГОН ин аз руи тахкир ё аз руи бадбини набуд ин аз руи он буд, ки руз ба руз сафи мухочирони точик зиёд мешавад дах сол пеш буд такрибан аз 800000 то1200000 точик дар Русия кор мекард инро ман аз раиси точикони шахри Красноярск акаи Хайдар шунида будам, ва дар байни дах сол чанд маротиба зиед шудем,ки айни хол зиеда аз 2200000 точик дар русия кор мекунад ва ягон каси шумо гуфта метавонад, ки дах сол пас чанд маротиба зиёд мешавем ва худи шумо бахо дихед, ки чи кадар пешрави аст дар Точикистон....?

Амир
Яке аз бадбахтихои асоси ин чор-панч пиру чавони шикамсеру лагандбардори хушомадгу аст.

мухочир
мухочир,
замона танхо либоси нав ба бар кард. Агар замони муосиро ба кадим мукоиса кунем шох президент шоирону олимони мансабхох балегуйи у. Дар мактабхо аз сабаби маоши кам омузгорон кор намекунанд. Чавонон бошад аз сабаби маоши кам дар корхонаву идорахо дилгармона кор намекунанд. Писари мансабдоро гунох кардаву 3 хаз мухочир депорт шуд Пас чи гуна мо рушд мекунем худ казоват кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)