“Хазинаи тиллоӣ”-и Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Минск ҷоиза гирифт
Китоби “Хазинаи тилоии тоҷикон”-и Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар озмуни даҳуми байналмилалии “Санъати китоб”-и кишварҳои Шӯравии пешин дипломи дараҷаи аввалро ба даст овардааст. Ин озмун дар шаҳри Минск баргузор ва китоби оқои Зарифӣ аз рӯи номинатсияи “Арт-книга” пирӯз дониста шудааст.
Ҷӯра Шарифов, раҳбари нашриёти “Ирфон” мегӯяд, ба 7 номинатсияи озмун беҳтарин китобҳои чопшудаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) пешниҳод шуда буданд. “Ҷониби Тоҷикистон ҳам давоми 1 соли охир чанд китоб ба озмуни мазкур пешниҳод карда буд, ки яке аз онҳо ин китоби вазири умури хориҷӣ буд. Аз ҷониби нашриёти «Адиб» китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дар номинатсияи «Илм, фарҳанг ва маориф» пешниҳод гардида, соҳиби дипломи дараҷаи севум шуд.»
Бино бар иттилои манбаъ, маросими супоридани ҷоизаи ин озмун моҳи сентбяри соли ҷорӣ дар Намоишгоҳи 24-уми байналмилалии китоби Маскав баргузор хоҳад шуд.
Китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ва “Наврӯзнома” то имрӯз ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ба табъ расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |