Хадамоти муҳоҷират: Баъзан муҳоҷиронро беасос ба Тоҷикистон бармегардонанд

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти рус ахиран бархе аз муҳоҷирони тоҷикро беасос аз фурудгоҳ бозпас гардонда истодааст.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи хадамоти мазкур, имрӯз 4-уми май ба «Озодагон» гуфт, ахиран ба 3 муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Қазон иҷозаи вуруд ба Русияро надода, бозпас ба Ватан фиристодаанд: «Сабаби берун намудани онҳоро аз худи онҳо пурсон шавам, гуфта ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе равон шудам ва бо яке аз онҳо Далер Назаров, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, вохӯрдам. Ӯ дар ҳаяҷон буд, қариб буд, ки аз чашмонаш ашк резад. Пурсон шудам, чаро туро баргардонданд?- гуфт худам намедонам, ҳеҷ чиз нагуфтанд, шиносномаамро гирифтанду гуфтанд шумо вориди қаламрави Федератсияи Русия шуда наметавонед. Сабабашро пурсон шудам, гуфт баъд мефаҳмед. Ҳеҷ чиз нагуфта маро бо хатсайри рафтагиам савор намуда, пас фиристоданд».
Бино ба иттилои манбаъ, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи Қазон баргардонида шудаанд, Икром Бобоназаров ва Акобир Кабутов мебошанд, ки бе ироаи ягон асос ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русия надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |