Бахшҳо

Ғурури миллӣ аз ҳеч намерӯяд

Ҷомеа аз мо натиҷаи корро мехоҳад. Натиҷаи корро меҳнат, кӯшиш, амал нишон медиҳад, на чизи дигар. Мо хубем, бадем, ин барои дӯстону пайвандон аст, на барои ҳосилу натиҷаи кор.

Кор моро ба пешрафт мебарад. Кор моро аз ҳама бӯҳронҳо наҷот медиҳад. Кори мағзҳо, кори нерӯҳо.

Ва ҳақ бар ҷониби шоир Бозор Собир аст, ки мегӯяд мо идеали миллӣ надорем, то битавонем ба он пайравӣ кунем.

"Шоҳнома"? Бале, "Шоҳнома" шоҳнома аст, на тоҷикнома.

"Тоҷикон"-и Ғафуров. Беҳтарин аст, аммо дар он роҳи наҷот нишон дода нашуда аст.
Хайр, пас чӣ кунем? Ба шахсиятҳо рӯй оварем ё такя кунем? Бошад. Шахсият кист?

Исмоили Сомонӣ?
Рӯдакӣ?
Саъдии Шерозӣ?
Деваштич?
Спитамен?
Темурмалик?
Восеъ?
Аҳмадшоҳи Масъуд?

Онҳо кори худро карданд. Хуб ё бад, дигар гузашту рафт. Онҳо дигар моли таъриханд. Чанд рӯз пеш дар саҳифаи рухномаам (Фейсбук) аз дӯстон хоҳиш карда будам, ки ягон хотирае аз устоди варзиш, ҳунарманди тоҷик, Мӯсо Исоев дошта бошед, бинависед то барои филмбардорӣ истифода шавад. Касе вокуниши ҷиддие нишон надод. Ин ҷои таассуф надорад?

Имрӯз мисле, ки касеро ба касе коре нест. Ҳар кас бояд худаш ягон бало кунаду роҳи худашро биёбад.

Хуб, бошад. Аммо ба назар менамояд, ки мо тоҷикон миллати истисноием. Ҳар кадоми мо мехоҳем дар ҷои аввал бошем. Бигзор бародар набошад, бигзор ҳамсоя набошад, бигзор дӯст набошад, бигзор ман бошам, мегӯем ба худ. Ҳамин аст, ки касе намебарояд аз даруни мо. Ҳамин аст, ки касе намерӯяд.

Мо имрӯз бо дасти худ якдигарро пахш мекунем. Ба ҷои он ки дасти якдигарро бигирем. Миллат пас чӣ кор кунад охир? Ба кадом шахсиятҳо такя кунад?

Вақте кас таърихи шахсиятҳоро мехонад, бисёр нозукиҳоро барои худ кафш мекунад. Бовар кунед, ягон нафаре аз шахсиятҳои таърихсоз инсони нотакрор нест. Касе аз онҳо ба он бузургие нарасидаст, ки такрорнашаванда бошад. Ҳамаи онҳо инсонҳои оддӣ буданд, мисли ману шумо. Вале онҳо як хислате доштанд, ки онҳоро бузургтар аз мо кард. Ин хислат боварӣ ба худ ном дорад.

Боварӣ ба таърих не, боварӣ ба молу мулк не, бовари ба худ, ба нерӯи худ. Боварӣ ҳам бояд албатта аз ҷое қувва гирад. Аз оила, дӯстон, ҳамнишинон, мактабу донишгоҳ. Боварӣ худ аз худ намесабзад.

Мисол, бигирем шахсияти Аҳмадшоҳи Масъудро. Масъудро на падараш, на модараш, балки бибиаш калон кард. ӯро афсонаҳову асотирҳои бибиаш то ба ин бузургӣ расониданд.

Ҳатто як афсонанависи хуб ҳам набаромад дар ин солҳои охир, ки ба дили кӯдакони мо ғурури тоҷикиро бикорад. Барои чӣ имрӯз мардуми мо рӯй ба ҳиҷрат оварданд? Аз дасти мо, аз дасти ҳукумати мо, аз дасти ҳамсояи мо, аз дасти бародари мо.

Онҳоро чӣ бояд инҷо нигоҳ дорад. Кӯҳҳои осмонбӯс? Мардум имрӯз ба Кайҳон мебароянд, ки аз онҷо кӯҳ чун аз як нуқтае беш наменамояд. Онҳоро боварӣ ба он авҷ расонид. Иттиҳод ба он дараҷа расонид. Магар мешавад бе ягон замина, тани танҳо ба Кайҳон парид?

Ман чаро аз кайҳон ҳарф мезанам? Мо куҷову фикри кайҳон? Ба замин бояд фуруд омад. Аз одитарин шароит бояд гуфт. Аз барқе, ки ним сол моро тарк мекунад, аз оби ошомиданӣ, ки имрӯз ба қабати дуюми бино намебарояд…

Халил ҚАЮМЗОД


PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Ака, дар чои чамъияти сигарет кашидан чиноят аст. Конунро эхтиром бояд кард. belay

Ачабо, аз хурд то бузург хама носех. Аз насихатхонихои мо насихат бекадр шудааст. Нируи созанда факат вакте пайдо мешавад, ки хатто дар бадй некиашро дида тавонй. Мо аслан манфихоху манфибину манфикор хастем. Ин хоси кариб хамаи мост. Мо хамеша мехохем. ки дигаронро тагйир дихем, аммо худро тагйир додан намехохем. Факат шикванолию шикванолй...

Калами хуб дори Халил.
Бештар навис!

Ман агар метавонистам, худат ва Рачаби Мирзоро барои таблиги сигоркаши ва сигоркаширо хамун ифтихор таблиг кардан чарима мекардам. Намоиши сигоркаши аз руи вичдон низ айб аст. Инро як чавон дида, таклид мекунад, ки на дар мусулмони рост мегирад ва на дар инсонгари. Болои ин шумо ва падаратон аз муридони оли Турчонзода хастед. Муриди Турачонзода ва таблиги сигоркаши? Мантик кучост

нуктасанч
miliciya,
тема накун бародар, аввал ин фикри як чавони равшанфикрро дарк кун

мароворид
ту худат аввал гурурата як тарафа кун сигор дар даст вохимма дори мо бо ЧАНОБИ ОЛИ ЭМОМАЛИ РАХМОН ИФТИХОР ДОРЕМ ШАХСИЯТИ ТАЪРИХИИ МО ДАР ИН ЗАМОН АЗ ИН КАСИ ДИГАР НЕСТ.........................

Пеш аз насихати дигарон, инсон бояд аввал тарзи зисти худашро бубинад. Яъне худи шумо-муаллифи азиз намунаи ибрати як чавон шуда метавонед? Ман фикр мекунам на, ман ба сохибони сайт хам хайронам, ки чаро бо чунин аксе, ки дур аз завки эстетики аст, мегузоранд. Дуввум, насихат кардан осон, суханхоятонро дар амал нишон дихед. Медонед, барои чи мо пеш намеравем ва идеали милли надорем? Ба акидаи шахсии ман-аксар гузаштагони мо хам насихатгу буданд ва худи Саъди мефармояд:
муроди мо насихат буду гуфтем, хаволат бар Худо кардему рафтем.
Ана камбудии мо, барои хамин бас кунед насихатхониро, зеро гушхои мардум аз насихатгушкуни кар шудаанд ва дигар ба як тини пучак гуфтахои касеро ба назар намегиранд. Мехонанд ва мегуянд, ха Халил зур гуфтааст ва ба кавли русхо "и что с этого?" Халил амал кунед, на насихат.

Дуруд ба кормандони азизу чавони сомона!
Дуруд ба кули бахсчиён!

Ман хам хондам. Намегуям, ки комилан бо муаллиф рози астам, аммо чизи навиштааш моро ба андеша хохад бурд, ки шояд ин аз ин адешахои мо чизи хубе бируяд.

Дар мавриди сигор...
Ба фикрам муаллиф сигорро таблик накардааст, балки гамгин будани худро нишон додааст. Гамгин аз он, ки то кай мо миллати сархам бошем...

мусофир
валлох ки хак гуфти додар аммо дар он чо касе туро намефахмад

акси ҷавон бо сигор далолат ба хастагии y аз мушкилоти миллат мекунад. Рости мо ҷавонҳо дар ин мишкилиҳои рузмара хаста мешем. Дар кишвар илмy марифат ҳам ки дошта боши криш надори рузе 10 саат зери дасти 1 бесаводи тағадор кор мекуни вале пуле ба даст намеори ки оромона зиндагиатро ба пеш бари. Инсоне ки моҳи дароз кор кунадy маблағе бадаст наорад ки зарyриёти асосии зиндагиашро пура кунад ба сигор каши ва нолишy ба касали руҳи ҷисми мyбтало хоҳад шyд. Дар кишвар қишри бедор боилм бо истедоди мо хоҳ y руҳони бошад ё фарҳанги бо ҳамин мушкилоҳо ру ба ру ҳастанд. Имрузҳо ба сабаби машақатҳои ҷизми ва руҳи ҳатто занҳои мо шакли мардҳоро касб карданд.

ман
Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,
К-он ҳеҷ вақт гуш бар афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор бошу ба зураш савор шав,
К-он аспи маст тан ба заифон намедиҳад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)