Владимир Жириновский бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот кард

Владимир Жириновский, райиси ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) зимни боздид аз як шаҳраки назди Маскав бо муҳоҷирони тоҷик суҳбат кардааст.
Торнамои расмии ЛДПР навиштааст, ки Жириновский дар ин дидор гуфтааст, мушкили аслие, ки кишвараш ба он рубару мешавад, ҳузури зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
«Муҳоҷирони ғайриқонунӣ хеле зиёданд, корфармоҳое, ки шароити дуруст фароҳам намекунанд, зиёданд. Муҳоҷирон дар таҳхона ва кӯчаҳо зиндагӣ ва шабу рӯз бидуни истироҳат кор мекунанд. Одитарин ҳолати санитарӣ риоя намешавад. Ҳақмузди онҳо пурра пардохт нашуда, баъзан умуман маблағе намедиҳанд. Ва маълум аст, ки ин ҳама ба шумо бетаъсир нахоҳад буд. 22 сол мешавад, ки мо дар кишварҳои алоҳида зиндагӣ мекунем, дар бисёре аз шаҳрҳои Русия мардум намефаҳманд, ки ин қадар одаме, ки забон, фарҳанг ва динашон фарқ мекунад, кай омадаанд», - гуфтааст ӯ.
Раҳбари ЛДПР мушкили асосии муҳоҷиронро надонистани забони русӣ гуфтааст: «Дар Осиёи Миёна забони русиро дӯст медоштанд ва бо он хеле хуб ҳарф мезаданд. Агар шумо мехоҳед, ба Русия барои кор биёед, пас бояд забони русиро хеле хуб балад бошед. Ин корро хеле осон мешаванд, анҷом дод: мо муаллим ва китобҳои хуби омузишӣ дорем. Гузашта аз ин ҳамсояҳои наздикем. Ман бовар дорам, ки шумо хоҳиши наздикӣ бо Афғонистон ва Эронро надоред, он ҷо низоми исломӣ ва қоидаҳои шадид амал мекунад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |