Бахшҳо

Ҳақдодов: “Агар ТАЛКО зарар медошт, дар Ҳисор анору ангур месабзид?”

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Дар як ҳафтаи охир даъвоҳои Тошканд нисбат ба зиёни корхонаи алюминиюми Тоҷикистон -- Талко дар сатҳи байналмилалӣ афзудааст. Аз ҷумла, сафорати Узбакистон дар Латвия бо баргузории ҳамоише гуфт, танҳо дар панҷ соли охир Талко ба Узбакистон беш аз 400 миллион доллар зиён расондааст. Ва ҳукумати Узбакистон ҳам бо ирсоли як нома аз дабири кулли Созмони Милал хост, то ба зиёнкориҳои Талко хотима бахшад.


"ДАЪВОИ ҲАВОӢ"

Дар як гуфтугӯ аз Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи экологии парлумони Тоҷикистон, пурсидем, ин ҳама даъвоҳои Узбакистон то куҷо асос доранд ва Душанбе дар баробари ин даъвоҳо чӣ мегӯяд?

Муҳаммадшариф Ҳақдодов: “Узбакистон то соли 1994 дар мавриди корхонаи алюминиюм бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Ташхисҳои экологӣ аз ҷониби мутахассисони корхонаи алюминиюм ва ҳам аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти Узбакистон гузаронда мешуданд. Дар он давра Узбакистон нисбат ба Талко ягон эрод вуҷуд надошт. Баъд аз қатъ гардидани чунин корҳои муштарак имрӯз даъво пайдо шудааст, ки гӯиё фаъолияти корхонаи алюминиюм ба зарари сокинони Узбакистон аст. Агар ин даъво асос медошт, дар навбати аввал ба Тоҷикистон, ки ин корхона дар ин ҷо фаъолият мекунад, зарар мерасид. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҳисор анору ангури беҳтарин намерӯиду ба тамоми дунё содирот намешуд. Ба ин масъала яктарафа баҳо додан ғайриимкон аст. Мо бояд муштарак ташхис кунем. Шояд мушкили онҳо сатҳи пасти зиндагии мардумашон бошад, на Талко.”

"ТОШКАНД ҶАВОБ НАМЕГӮЯД"

Озодагон: То ҷое медонем, Тоҷикистон ҳам аз зиёни корхонаи Узбакистон ба навоҳии шимоли кишвар нигарон аст. Чаро дар ин маврид муроҷиат намешавад?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Чунин муроҷиатҳо аз ҷониби Тоҷикистон на як бору ду бор пешниҳод гардидааст. Ҳатто аз ҷониби парлумони кишвар дар бораи ин ки корхонаҳои Узбакистон ба навоҳии наздимарзӣ дар шимоли Тоҷикистон зиён мерасонанд, бо далелҳо муроҷиат карда буд. Дар кишвари ҳамсоя бисёр корхонаҳои саноатӣ аз давраи Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки ҳангоми партофтани партови корхонаҳои саноатӣ таъсири онҳо ба замин ва оби мо мерасанд. Афсӯс, то ҳол аз ҷониби Узбакистон ягон ҷавобе нашуд. Мо дар он ақида ҳастем, ки аз ду ҷониб муайян карда шавад, то чӣ дараҷа ин корхонаҳо зарари худро мерасонанд ва кадомеашон зиёноваранд. Соли 2009 дар чорчӯби ҷаласаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон протоколе имзо карда будем, ки гурӯҳи махсус аз ду тараф чунин масъалаҳои миёни Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ ва чораҳои зарурӣ андешанд. Мутаассифона, ин то ҳол аз ҷониби онҳо беҷавоб мондааст ва имрӯз тақдири ин созишнома номаълум аст.”

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ТОЗА

Озодагон: Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо қаблан гузоришеро дар бораи вазъи экологии Тоҷикистон нашр карда буд. Дар он мушкилоти асосии экологиро дар Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тоза ва идораи партовҳо номида буд. Ба фикри Шумо, ин то куҷо ҳақиқат аст?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Бале, Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо дар натиҷаи таҳлил ин мушкилиро муайян кардааст. Аммо дастрасӣ ба оби тоза масъалаи экологӣ не, балки мушкили иҷтимоист. Дар мо ин мушкил вуҷуд дорад, чунки қисми зиёди мардум дар деҳот ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Бояд ҳамаи мардуми мо ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта бошанд, чунки Тоҷикистон кишварест, ки аз об бой аст.”

ДАРАХТБУРӢ ВА КАБИРӢ

Озодагон: Дар охир. Вақтҳои охир дарахтбурӣ дар пойтахт мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ҳатто баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва шаҳрдории Душанбе дар ин бора ба додгоҳ рафт. Ба фикри Шумо, ин дарахтбуриҳо то куҷо дурустанд ва оё ба экологияи шаҳр зарар ё хатаре надоранд?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Ман мафҳуми дарахтбуриро дигар хел мефаҳмам, яъне, як нафар рафта қасдан як дарахтро мебураду дигар он дарахт ягон самар намедиҳад. Ин дарахтбурист. Агар вақте дар чорчӯби шаҳрсозӣ дарахтҳоро мебуранду дар ҷои нав дарахтзор ва боғзори дигар месозанд, ин аз рӯи меъёр аст. Ин алакай дарахтбурӣ нест. Дар мавриди баҳси Муҳиддин Кабирӣ инро гуфтаниям, ки ӯ ҳамчун шаҳрванд фикри худро гуфта буд ва шояд дар назари ӯ дарахтҳо қасдан бурида шудааст. Дар асл ин хел нест. Ягон кас намехоҳад, ки дарахтони шаҳри зебои Душанберо бибурад.”


Дар акс: Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи экологии парлумони Тоҷикистон
Мӯҳр
Daler
Ustod Haqdodov, nakhod shumo sababi asosii in jangu jadalro ki bayni Rahmonu Karimov ast ba azobi mardumi oddi taaluq nadored? Bubined, ki ahli saniati tojikistonu uzbakiston bo ham dar nazmi dustivu rafoqat, hamdigarfahmivu obodi mardumi in du millatro ba ham nazdiktar mekunand. ammo in du ashkhos va odamoni nazdikashon, ba vayrongari mashquland. masalahoi siyosivu, iqtimoy sababi buhroni ecologi dar vatanamon sabab shudaand. inro shumo hamchun mutakhasis boyad mardonavor u oshkor bayon mekarded, na ba neriu khizxmati khirsona ba millati jabrdida.

Бисер бахси муфид ва пурссамар. Он чи дар ин чо огои Хакдодов М ибрози акида намудааст бо маврид мантикан дуруст ва хамчун мутахасиси варзидаи сохаи эколочи бо факту ракамхо исбот кардааст ки ТАЛКО зарар ба мардуми узбакистон ва хукумати узбакистон наовардааст.Хуб мешуд ки чомеаи фаоъли кишвар новобаста аз тахасус сари ин масъла гуфтугу мекардаанд ва ибрози акида мекарданд

чавоби хуб, вале на он кадар самими ва бо касбият. аввалан, чаро Узбакистон дар хама чо чор мезанад, аммо вакилони мардумии мо, хоса экологхо ва олимони арчмандамон хомушанд ва чавобе намегуянд? Агар гуянд хам сар-сари ва хом. ин аст, ки экологхои узбак дуругу рост чор мезананд. Дигар ин ки чаро бахси Кабири ва шахрдори масъалаи экологи набошад. Охир буридани дарахтони сояафкан магар масъалаи экологи нест? Агар мутахассис ин хел фикр дошта бошад, биёед тамоми дарахтони сояафкани кишварро аз бехаш бибцурем ва ба чояш арча шинонем, ки дар сояи тон чаберагонамон дам бигиранд. Аз ин ру мехостам, ки мутахассис бояд бокасбият чавоб бигуяд.

Аҳмад
салом кормандони озодагон оё ҳамин унвони мондаатон туғри аст Ҳақдодов: “Агар ТАЛКО зарар медошт, дар Ҳисор анору ангур месабзид?” о хай намесабзид гуед, ё инки ин бо ягон забони тоҷикии нав пайдост.

Салом ба хамаи кормандони сахифаи оли сахифаи бехтарин озодагон рости хама руза ба кор хозир мешавам аввал бо кушодани ин сахифа корамро огоз мекунам ва баъдан мехостам акаи Мухамадшарифро барои ин фикрхои ватандустиаш ва бо ун фикрхое ки мо чавононро метавонад неру бахшад сипосгузори нгамоям. Рости бояд хама руза бар зидди он иддаои бардуруги хамсоя ва дусти даруни нохунаки мо бузургони мо пофишори намоянд зеро пешбари чомеа нафароне чун Мухамадшариф хастанд . Бояд як комисиёи чадиди экологи ва мониторинги мухити атроф таъсис дода шавад то ин мушкилоти бар сари мо омадаро тадкик кунад зеро имруз зиёни заводхои даъвокунанд тамоми Точикистонро захрдор мекунад барои чи мо оромиро ихтиёр намудем оромиии мо даст дод ки хамсояи мо овозаш баланд шуд хамаруза бояд зидди даъвохои бардуруг аз чониби сахифахои ичтимои нашрияхо пахш карда шавад боки мувафак бошед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)