Зарина Дэвис, тоҷикдухтаре дар орзуи фатҳи Ҳолливуд

Зарина Дэвис, як духтари тоҷик, қасд дорад Ҳолливудро тасхир намояд.
Дар мавриди ин бонуи тоҷик нахуст торнамои «tonight.tj» хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Зарина дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, баъд аз хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия барои идомаи таҳсил ба Амрико рафтааст. Он ҷо ба New York Film Academy-и Ню-Йорк дохил мешавад.
Зарина аллакай дар чанд лоиҳаи New York Film Academy нақш бозида ва ҳоло барои тарҳҳои бузург омодагӣ мебинад.
“Ман ихтисосамро зиёд дӯст медорам. Мехоҳам ҳунарпешаи касбӣ шавам ва умедворам орзуи ман дар мавриди нақш офаридан дар Ҳолливуд дар ояндаи наздик амалӣ мешавад. Зиёд мехоҳам, Тоҷикистон рушд кунад. Ҳар вақт аз ман мепурсанд, ки аз куҷоям, бо ифтихор мегӯям, аз Тоҷикистон”,-афзудааст Зарина ба «tonight.tj».
Ҳоло Зарина бо коргардон-сенариянавис David Epstein кор мекунад. Ояндаи наздик қасд дорад, ба Лос-Анҷелес рафта, дар синамо нақш бозад.
Ин аввалин бонуи тоҷик нест, ки ба Ҳолливуд роҳ меёбад. Маҷаллаи «VIPzone» соли 2009 фотомодели тоҷик Малика Искандароваро муаррифӣ кард, ки Ҳолливудро тасхир кардааст. Духтари дигари тоҷик овозхон Мадина Madison аст, ки дар филми «Фариштаи марг»-и Ҳолливуд нақш офаридааст.Акс аз Tonight.tj
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |