Отамбоев: Кӣ медонад, ки баъди ман кӣ президент мешавад?
«Ман як солу 6 моҳу 12 рӯз боз райиси ҷумҳурам. Бояд иқрор шавам, ки ҳар рӯзро мешуморам. То анҷоми муҳлати президентӣ 4,5 соли дигар мондааст. Мо мегӯем, ки интихобот баъди 4 сол оғоз мешавад, аммо ин тавр нест, он барвақтар шурӯъ мегардад», - гуфтааст Алмосбек Отамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон.
Ӯ, ин ҳарфҳоро зимни як суханронӣ дар вилояти Нарин иброз дошта, афзудааст, «ҳар нафаре президент шудан мехоҳад, бояд сабру тоқат дошта бошад. Агар мардум шуморо интихоб кард, курсиро соҳиб мешавед. Мардуми бечораи мо ба ҳама чӣ бовар мекунад. Агар касе ҳарфҳои хуб гӯяду ваъдаҳои пуч диҳад мардум бовар карда, фиреб мехӯрад. Кӣ медонад, ки баъди ман кӣ президент мешавад? Чор соли дигар мондааст ва ман бояд кори оғозшударо анҷом диҳам».
Алмосбек Отамбоев моҳи октябри соли 2011 бо касби беш аз 60 дар сади райъи интихобкунандаҳо барои шаш сол президенти Қирғизистон интихоб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |