Ҳоло Тоҷикистон аз кишварҳо ва созмонҳои молии байналмилалӣ 2 миллиарду 200 миллион доллар қарздор аст. "Озодагон" аз коршиносону масъулони идораҳои давлатӣ пурсид, кай Тоҷикистон аз талаби кумаку қарз даст мекашад?
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ:
“Ҳамавақт инсонҳо ба якдигар эҳтиёҷ доранд ва кумак мехоҳанд. Кумак хостан ин хилофи табиати башарӣ нест. Ҳар қадар инсон қудратманд мешавад, эҳтиёҷоте дорад, ки онро аз касе мехоҳад. Ҳукуматҳо абарқудрат ҳам бошанд, аз давлатҳои заифтар кумак мехоҳанд. Дар умум метавон гуфт, ки кумак хостан чизи баде нест. Вале дар кишвари мо кумак хостан ба тамаъ табдил шудааст ва тамаъ ба табиат. Инҷост ҷои хатар, ки паёмбари мо доим мегуфт, Худоё, ман аз тамае ба сӯи ту паноҳ мебарам, ки он ба табиати башарӣ табдил шавад. Ин чизи бад аст ва умедворем, ки кишвари мо тамаъро барои худ як касб қарор надиҳад.”
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносон:
“То вақте ягон моли умумимиллӣ коркард ва пешниҳод нашавад, мо дар ҳамин ҳолат мемонем. Бовар надорам, ки дар ояндаи наздик ин кумакҳо ба поён мерасад. Чунин рафтор алакай инкишофи миллиро халалдор мекунад. Савол ба миён меояд, ки оё тунели Истиқлол ба мо лозим аст, ё барои Эрон? Ин тунел моли мост, ё аз онҳо? Яъне, идеологияи талбандагӣ то ҳамин дараҷа дар мо амиқ шудааст, ки мо ҳатто дар обод кардани як гӯшаи хонаи худ ба бегонагон нигоҳ мекунем. Дӯст ҳам бошанд, онҳо бегонаанд чун зиндагии худро доранду миллаташон ҳам дигар аст.”
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Агар файлсуфона гӯем, ҳама чиз рӯзе ба поён меояд, минҷумла кумак хостанҳо. Чун бо афзудани имкониятҳои давлатӣ ҳоҷат ба илтимос ҳам намемонаду баръакс худи мо метавонем ба кишварҳое монанди Афғонистону дигар ҳамсояҳое, ки фақиртар бошанд, кумак кунем. Барои ин бояд заминаҳоро созему тамоми низоми иқтисодии мо хуб кор кунаду низоми идоракуниямон самаранок бошад. Танҳо дар ин ҳолат аз ин кумакталабиҳо халос мешавем. Шояд баъди 5-7 сол мо аз ин кумакҳо халос шавем. Ин ҳам ба хотири он аст, ки Роғун сохта мешаваду корхонаҳои мо бо афзудани барқ зиёд мегарданд.”
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ:
“Агар воқеияти Тоҷикистонро ба инобат гирем, таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки солҳои наздик кишвари мо аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида вобаста мемонад. Зеро азбаски молҳои истеҳсолшаванда дар Тоҷикистон рақобатпазир нест ва дар бозори ҷаҳонӣ камтар маҳсулоти Тоҷикистон ба назар мерасад, таносуби молҳои воридшаванда аз содиршаванда хеле фарқи бузург дорад. Инчунин набудани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коррупсия ва дигар падидаву зуҳуроти номтлуб самарабахшии татбиқи барномаҳои иқтисодии ҳукуматро халлалдор менамоянд.”
Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Кумаки кишварҳои хориҷӣ ба шарте, ки аз тарафи ниҳодҳои дастраскунандаи ин кумакҳо дуруст истифода шаванд, хубанд. Инки кай аз ин қарзҳо халос мешавем, ҷавобаш хеле мушкил аст. Кишварҳое чун Қазоқистону Узбакистон баъди ба даст овардани истиқлолият хеле пеш рафтанду аз ин қарзҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум истифода намекунанд. Қирғизистону Тоҷикистон кишварҳои ақибмонда ҳастанду таи солҳои наздик аз ин чиз халосӣ надоранд. Маҷбурем, ки аз Қазоқистону Русияву дигар ҳамсояҳо қарз гирем.”
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос:
“Қарз гирифтан фақат хоси кишварҳои аз назари иқтисодӣ хурду заиф нест. Тақрибан 200 кишвар, ба шумули пешрафтатарин кишварҳои дунё, қарзи хориҷӣ доранд. Қарзи баъзеи онҳо хеле бештар аз ҳаҷми маҳсулоти нохолиси миллиашон будаву ба сари ҳар нафар аз шаҳрвандонашон ҳазорҳо доллар рост меояд. Масъалаи муҳимтар чигунагии истифода аз қарзҳои хориҷист. Агар кишвар воқеан аз он самаранок истифода бурда тавонаду заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоияшро фароҳам кунад, хуб аст. Зеро ин масъала дар ниҳоят ба бозгардондани қарзҳо кумак хоҳад намуд. Аммо вақте аз қарзи хориҷӣ «саҳм»-и ину он ҷудо карда мешаваду баъдан он чи мемонад барои иҷрои тарҳҳо истифода мешавад, ҳам сифати кор аз байн меравад ва ҳам баргардондани қарз сахт мешавад. Вале дар умум қарздорӣ чизи хубе нест. Зеро хатари ба одат ва ҳатто як навъ зеҳният ва менталитет табдил шудани он вуҷуд дорад.”