Бег Зуҳуров дар бораи бинои 16-ошёна, варзишгоҳ ва тӯйи писараш

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи бунёди нахустин бинои 16-ошёна дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ кард, аммо гуфт, ин бино на аз ҳисоби ӯ, балки аз тарафи як соҳибкори дигар сохта мешавад.
Чанде пештар баъзе аз расонаҳо навиштанд, Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, нахустин бинои 16-ошёнаро дар Кӯлоб месозад. Оқои Зуҳуров гуфт, сохтмони ин бино аз ҳоло шурӯъ шуда, вале маблағашро соҳибкоре бо номи Саидов А. пардохт мекунад.
“Рости гап, худам ҳам номашро намедонам. Фақат гуфтанд, Саидов А. аст. Аллакай сохтмони бино оғоз ёфтааст”,-гуфт ӯ.
Аммо Бег Зуҳуров гуфт, варзишгоҳе, ки бояд бо пули Хадамоти алоқа дар Кӯлоб сохта мешуд, тақрибан ба анҷом расида, моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегирад.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли "Озодагон" дар мавриди ин, ки оё хабари расонаҳо дар мавриди тӯйи писараш бо духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон дуруст аст ё на, сукутро ихтиёр кард ва гӯширо хомӯш намуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо ба шавҳар баромадани духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Заррина ба писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо ин базми арӯсӣ дар Пуғус (Варзоб) рӯзҳои истироҳати гузашта сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |