Бахшҳо

Такрор ҳам шавад, мегӯям: Сулҳ беҳтар аз ҷанг аст!

Намедонам, кадом омил боис гашт ва маро таҳрик дод, ки дар бораи ҷангу сулҳ биандешам. Аммо дақиқ медонам, ки ин бардоште аз таърих аст, аз гузаштаи дур ва начандон дури миллату Ватан.

Бале, сарнавишти ҳамон ватани умумӣ - СССР, ки алъон барои мо собиқ маҳсуб мегардад ва тақдири Тоҷикистони муосир.

72 сол қабл аз ин, дар ҳамин шабу рӯз Олмони нозӣ (фашистӣ) ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Артиши ҳитлерӣ дар сари роҳи худ монеа намедид, агар ҳам медид, онро ба бод медод. Ҷони инсон барои инсонҳои дигар ва пеши онҳо баробар ба хасе арзиш надошт. Аврупо саросар дар оташи ҷанг месӯхт, киштаҳо хароб, роҳҳо вайрон, қасру кӯшкҳо бар хок фурӯ мерафтанд…

Давлате, ки ҳамакнун қомат рост мекард, дар баробари будан ва ё нобудӣ қарор гирифт. Ҳарчанд он ҷанг дур аз Тоҷикистон шурӯъ шуд ва хатари камтаре ба ҷумҳурии мо дошт, аммо баробар бо 14 бародари дигар Душанбе ҳам алайҳи душман ба мубориза бархост. 1418 шабонарӯзи муқовимат, набарду ҷонбозиҳо билохира ба пирӯзӣ анҷом ёфт. Ғалабае, ки поёнаш сулҳ буд, мусолиҳае, ки ҷони беш аз 27 миллион шаҳрванди СССР-ро гирифт. Агар ба арқоми давраи ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ё ҳамон ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) бовар кунем, ҳудуди 200 ҳазор шаҳиди корзори ҷанг аз шумули тоҷикистониён дар майдонҳои ҳарбу зарб дорем. То расидани артиши Шӯравӣ ба Берлин ва қомат афрохтани ливои зафар дар Рейхстаг басо хун рехта шуд, ки таърих мисолашро ёд надорад.

Такрор ҳам шавад, мегӯям: Ҷанге, ки оқибати он ҳам боз ба сулҳ анҷом ёфт ва сулҳ беҳтар аз ҷанг аст. Навсозӣ ва ё худ бозсозии горбачёвӣ дар охири солҳои 80-уми асри 20 заминаҳои фаношавии собиқ Ватанамон - СССР-ро фароҳам овард. Дар кишварҳои Назди Балтику Қафқоз, Русияву Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аҳён-аҳён, баъзан зуд-зуд мавҷи эътирозҳои мардумӣ алорағми низоми коммунистӣ ва яккаҳизбӣ баланд шудан гирифт. Дар Душанбеву Хуҷанд, Кулобу Хоруғ ва Қӯрғонтеппа гирдиҳамоии оммавӣ баргузор мешуд.

Талаби давлатӣ кардани забони тоҷикӣ, даъвои истиқлолият, таъсиси артиши миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ ва мунҳал кардани фаъолияти ҳизби коммунистӣ аз умдатарин пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Дуруст аст, ки бархе аз ин талабҳо дар парлумони вақту идораҳои ҳукумат баррасӣ гардида, ҳалли худро пайдо карданд. Аммо бадхоҳону нотавонбинони миллат пеши роҳи истиқлолхоҳону ислоҳталабонро гирифтанд.

Билохира, Тоҷикистонро, халқи онро ду тақсим карда, ба низоъ кашиданд. Миллат ба «вовчик»-у «юрчик», «худӣ» ва «бегона» тақсим шуд. Ин кашмакаши дохилӣ барои Тоҷикистон паёмади сангин дошт, ки онро то ҳанӯз дар тани захмини кишвар эҳсос кардан мумкин аст. Болатар аз ҳама, боз риштаи умри ҳазорон-ҳазор ҳамватанамон канда шуда, теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ ба 150 ҳазор нафар расид.

Бо гузашти чанд сол ақли солим боло гирифт, ҷонибҳо сари мизи музокирот нишастанд. Роҳи наҷот ҷустанд ва онро пайдо карданд. Бале, мусолиҳаи миллӣ ва он ҳам бо тавофуқи ду ҷониби даргир. Он яке ҳукумати вақту дигар - нерӯҳои мухолиф.

Инак, 16 сол боз Тоҷикистон дар фазои СУЛҲ ва ТАФОҲУМ ба сар мебарад. Сулҳе, ки ба ивази ҷони инсонҳо ба даст омад. Пас, саъй мебояд кард, то ин МУСОЛИҲА воқеан пойдор бимонад, албатта, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ, новобаста аз дидгоҳҳои идеологӣ ва бигӯ-магӯҳои маҷозиву сиёсӣ.

Хилватшоҳи МАҲМУД
Мӯҳр
Дар ин даври пур аз таззод ва бархурду набардхои муосир табиист ки хар навъ сулхъ аз чанг бехтар аст. Офарин журналист. Бо ин рох пеши рохи низоъро гирифтан мумкин аст. Интихоботи озоду демократи, гуфтушуниди кишрхо бо хукумат роххал аст. Худо нигахбонат Хилватшохи Махмуд!

Интихоб вокеи гузарад, хама хатарот бартараф хоханд шуд. Вагарна хеле дар ташвиш хастем, ки ба сарамон балое наояд...

Чист мурдан? - Аз худй гофил шудан,
Ту чй пиндорй - фироки чону тан?
Хамагуна фард ва ё миллати бегайрат аллакай мурдааст, агарчи дар ин дунёи яксоата мавчудият дорад.
То ба кай бе гайрати дин зистан?
Эй мусалмон! Мурдан аст ин зистан.
Пеши по зан тахти Кайковусро,
Сар бидех аз даст мадех номусро.
Бузургон гуфтаанд: "Як дами шерй бех аз сад соли меш"

хамин хел маколаи сусту заифа дар умрум нахонда будум,чи меги?хадафут чия аз навиштан?

Расул
Хайр хар инсон медонад , ки аз чанг дида сулх бехтар аст ! чи гуфтан мехохед. Ин гуфтахои шуморо аз шунидан кар шудем. барнома лозим ва амал чурахо , сафсатагуи бас будагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)