Бахшҳо
26 июн 2013 11:23Тоҷикистон / Акс

(АКС) Ашкрезии Бозор Собир зимни тамошои “Шабе дур аз Ватан”

Алишер ЗАРИФӢ

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, баъд аз тамошои намоишномаи “Шабе дур аз ватан”, ки аз рӯи ашъори ӯ таҳия шудааст, дар қатори дигар ҳозирин ба ин намоишнома баҳои баланд дод.

“Шабе дур аз ватан” аз ҷониби коргардони театр, Низоми Мелик таҳия шуда, шоми 25-уми июн дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор шуд, ки дар он нақшҳои асосиро Абдумуъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова бозиданд. Ҳарчанд намоишномаи “Шабе дур аз ватан” борҳо ба саҳна гузошта шуда буд, вале ин бори нахуст аст, ки дар ҳузури Бозор Cобир онро ба саҳна гузоштанд.

Дар ин намоишнома зиндагии як мусофир дар ғарибӣ инъикос гардида, дурии ӯро аз Ватан ва дигар лаҳзаҳои гуногунеро, ки инсон дар муҳоҷират асту ёде аз хешу наздиконаш мекунад, ба саҳна гузошта шудааст. Бозор Собир тааcсуроти худро аз тамошои “Шабе дур аз ватан” хеле хуб арзёбӣ намуда, онро як намоишномаи воқеан касбӣ унвон намуд ва ба нафароне, ки нақшҳоро мебозиданд, офарин гуфт: "Зимни тамошои ин намоишнома ман фикр кардам дар саҳна не, балки дар хонаи худам ҳастам. Бисёр хуб буд ва бисёр як саҳнаи фишурдаи олиҷаноб буд, ки тамошобин актёрро тақрибан нафас ба нафас тамошо мекард ва актёрҳо низ бо тамошобин тақрибан нафас ба нафас рӯ ба рӯ буданд. Бисёр шоирона буд, яъне кару фари зиёд надошт, бисёр оддӣ ва дар миёни дафтару китобу рӯзнома мегузашт. Дар Душанбе, ки будам ҳамин гуна дохили китобу газета зиндагӣ мекардам ва дар Амрико ҳамин гуна як кроватро аз ким кадом корхонае қарз гирифта будам. Офарин бисёр лаҳзаҳои хуберо ёфтааст".

“Шабе дур аз ватан” ин навбат то ҷое таъсирбахш буд, ки зимни намоиши он дар қатори Бозор Собир, аз чашмони дигар тамошобинон низ ашк мерехт.

Чанд тан аз иштирокчиён баъди анҷоми намоишнома дар суҳбат ба «Озодагон» гуфтанд, таасуроташон аз тамошои ин саҳна, ки ин навбат бо ҳузури устод Бозор Собир гузашт, дигар аст. Толиби Луқмон, яке аз иштиркчиёни намоишнма ки борҳо “Шабе дур аз ватан”-ро тамошо кардааст, иброз намуд, ки ҳузури устод Бозор Собир фазои театрро комилан тағйир дод: «Қаблан фикр мекардам, ки намоишнома ба зиндагии воқеии Бозор Собир иртибот надорад, вале вақте худи Бозор Собир изҳори тааҷҷуб кард, ки намоишнома ба зиндагии ӯ пайванди қавӣ дорад, ба назарам хеле аҷиб намуд».

Абдумуъмин Шарифӣ, яке аз ҳунармандоне, ки дар ин намоишнома нақш меофарид, гуфт, воқеан нақши як мусофирро, ки дар ғарибӣ асту ёди Ватану хешу табор ва қабрҳои аҷдодӣ мекунад, бозидан осон набуд: «Мо як соат дар мусофират будем, дур аз Ватан дар ғарибӣ бо ёди Ватан будем, ки ростӣ осон набуд. Ҳоло ҳам рости гап банди дилам меларзаду тоби истодан надорам». Шарифӣ афзуд, ки “Шабе дур аз ватан” ин дафъа ба муносибати ташрифи Бозор Собир ба Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудааст.

Баъди намоишнома таклифу пешниҳоде низ аз ҷониби ширкаткунандагон ироа гардид. Ҳусния Ҳафизова, котиби масъули маҷаллаи «Фарҳанг», гуфт, намоишнома хеле таъсирбаш буда, амсоли шеърҳои шоир аст, ки бояд ҷовидона монад. Ҳусния Ҳафизова пешниҳод намуд, ки беҳтар мешавад, агар номи намоишнома «Як шаби шоири ватандур» номгузорӣ мешуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)