Бахшҳо

Оштӣ

Зафари Сӯфӣ

Дар остонаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдат қарор дорем ва андешае, ки чандест дар мағзам мечархид, имрӯзҳо бештар ба худ машғулам мекунад. Аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:


Миллат аз якрангии дилҳостӣ,
Рушан аз як ҷилва ин Синостӣ,
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддао бояд яке.


Ба ростӣ оё мо - тоҷикон чӣ миллате ҳастем ва оё воқеан ба сифати як миллат ба камол расидаем ва дар дохили худ инсиҷом ва ваҳдати воқеъӣ дорем?

Ёдам як филми даврони шӯравӣ меояд, ки бо исми қаҳрамони асосӣ номгузорӣ шудааст. Мимино, ки халабон аст, ба кадом кишвари хориҷӣ сафар мекунад ва дар фурсати байни парвоз аз масъули телефонхона хоҳиш мекунад барояш шумораи телфоне дар рустои Телавии Гурҷистонро пайваст кунад. Масъули телефонхона шуморае шабеҳро дар шаҳри Телавив мегирад ва Мимино бо яҳудие, ки қаблан дар Гурҷистон мезистааст, суҳбат мекунад ва пас аз радду бадали чанд калима байни ҳам онҳо бо ҳам суруди гурҷӣ мехонанду ашк мерезанд. Ин саҳна шояд яке аз рўшантарин намунаи ваҳдати як миллат дар як кишвар бошад. Яъне омили қавии ваҳдат дар шакли суруд намояндаи ду қавмро, ки дар як марзу бум зистаанд, чунон ба ҳам пайванд дода, ки дигар фосилаҳо ҳам наметавонад ин пайвандро гусаста гардонад. Ҳоло шумо пеши худ биандешед, ки оё чӣ омиле ин гуна вуҷуд дорад, ки на ақвоми гуногун, балки худи тоҷиконро, ки дар манотиқи гуногуни кишвар сукунат доранд, бо ҳам пайванд бидиҳад? Шояд як заминаи аслӣ ва хеле қавиву таъсиргузор дар рушди маҳалгароӣ ҳамин вуҷуд надоштани омилҳои ваҳдатсоз миёни тоҷикон аст. Мо ҳатто хоставу нохоста лаҳҷаҳои ҳамдигарро масхара мекунем ва ҳатто иддао ҳам дорем, ки ин шӯхие беш нест. Аз барои савоб, магар мешавад бо ҳазорон инсон дар як вақт шӯхӣ кард? Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти маҳаллӣ дар кишвар як ё чанд калима ё ифодае аз лаҳҷаи дигар маҳалро истифода кардани намояндаи маҳалли дигар метавонад ҳамчун таҳқир пазируфта шавад. Албатта шояд вокуниши ошкор дар пай надошта бошад, вале мутмаинан як эҳсоси нафрат дар дили садҳо ва шояд ҳазорҳо нафар падид меояд.

Вақте як ҳисорӣ ё ғармӣ ё кӯлобӣ ҳатто ба оҳанги шӯхӣ бигӯяд; ким гуфт ё чзе шуд, ҳатман як хуҷандӣ аз ин нороҳат мешавад, ҳамин тур дар акси холат низ. Пас зарурат он аст, ки омилҳои ваҳдатсоз шиносоӣ ва тақвият шаванду ҳар гуна омил ва кунишҳои тафриқабарангез бояд аз байн бардошта шавад.

Чанд сол қабл як латифа шунида будам. Ду масъули эронӣ бо ҳам суҳбат доштаанд. Аввалӣ мегӯяд: бояд коре кард, ки тараддуди афғонҳо ба Эрон ҳар чи камтар шавад. Дувввумӣ: чаро? Аввалӣ: онҳо аксар бесаводанд. Дуввумӣ: дар Эрон ҳам теъдоди бесаводон кам нест. Аввалӣ: онҳо либосҳои гушоду чиркин мепӯшанд. Дуввумӣ: луру балуҷу курдҳои Эрон ҳам ин турӣ либос ба бар мекунанд. Аввалӣ: онҳо бо садои буланд ҳарф мезананд. Дуввумӣ: луру курду балуҷҳои Эрон ҳам ин турӣ ҳастанд. Аввалӣ чун истидлолаш пазируфта намешавад, як каме нороҳатона мегӯяд: ҳоҷӣ, чаро аз унҳо пуштибонӣ мекунӣ, ҳеч медонӣ, ки унҳо нос мекашанд? Дуввумӣ бо як каме сукут ва андешамандона мегӯяд: ин шуд як ҳарфи ҳисоб, воқеан бояд коре кард, ки аз вурудашон ба Эрон ҷилавгирӣ шавад. Ин чӣ коре, ки нос мекашанд...
Вақте нос кашидан, ки дар Тоҷикистон як одати фарогир аст, албатта одати хеле ва хеле баду нороҳаткунанда, омили ин қадар тафовут ва ихтилоф аст, ҳоло пеши худ тасаввур кунед, ки тафовутҳои дигар, ба вижа фарҳангиву иҷтимоӣ чи таъсире ба муносибати инсонҳо бо ҳам метавонад дошта бошад.

Ҳама ба хубӣ медонем, ки заминаҳои ваҳдатшикан дар ҳар қадаму бахши зиндагии иҷтимоӣ ва фардии мо ҳукмрон аст, вале ба ҷои аз байн бурдани ин заминаҳо огоҳонаву ноогоҳона ба дунболи тақвияти онҳо ҳастем. Рақсҳои ҳар минтақаи кишвари мо аз ҳам фарқ мекунад. Сурудҳо ва тарзи иҷро низ дар ҳар минтақа бо ҳам тафовут дорад. Лаҳҷаи ҳар минтақаи Тоҷикистон аз ҳам фарқ мекунад. Тарзи зиндагӣ, либоспӯшӣ, хона, ҳавлӣ, саноеъи дастӣ, дастархонороӣ ва боз садҳо мазохири зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ҳаст, ки дар ҳар минтақа аз минтақаи дигар ба таври ошкору возеҳ аз ҳам фарқ мекунад. Яъне як танаввуъи беназирро метавон дар ҳамаи бахшҳо ба тамошо нишаст. Албатта танаввуъ хеле хуб аст, агар боиси ихтилоф набошад.

Барои ман ҳануз рушан нашуда, ки мо ин вахдатро пас аз бархурдҳо (назарияи Хонтингтон) мехоҳем дар ҷомеа ҳукмрон созем ва ё ба дунболи гуфтугӯ (назарияи Хотамӣ) онро дар тамоми бахшҳои ҷомеа амалӣ мегардонем? То ҳол ҳар чи таблиғ аз суи дастгоҳҳои таблиғотӣ аз ҷумла радио ва телевизион пахш шуда ваҳдатро як раванде пас аз бархурд ва даргириҳо нишон додааст ва ба назар мерасад дар ин росто нируи ҳокими ҷомеа ваҳдатро ҳосили бархурд ва тадбири худ медонад ва бо ишора ба сулҳ оварданаш сари мардум миннат ҳам мегузорад. Гузашта аз ин ҳарчанд ба бархурд ишора мешавад ҳеч нақши таъсиргузор дар раванди падид омадани заминаи ваҳдат ба тарафи дигари даргирӣ қоил нестанд. Ё дар филмҳои таблиғотӣ таъкид мешавад, ки неруҳои харобкор ва вобаста ба хориҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро доман заданд ва пас аз чанд сол даргириҳо хиради азалӣ пирӯз шуду ваҳдат шуд. Ҳоло ҷои пурсиш дорад, ки ваҳдат бо нируҳои харобкор ва вобаста ба хориҷа буд ё шаҳрвандони норозӣ аз вазъи мавҷуди он солҳо? Ё шояд дар асл бар ин боваранд, ки заминаи воқеӣ барои ин раванд падид наомада ва он фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа нашудааст? Ба ҳар сурат дар муносибатҳо чунин мушоҳида мешавад, ки аз самимият дида бештар бардошти сиёсӣ дар раванди дарк ва таблиғи ин мафҳум бартарият дорад.

Ваҳдат як раванди чандин даҳсола ва гоҳе чандин садсола аст ва шояд беҳтару мантиқитар он аст, ки мо аз зинаи аввали он, яъне оштӣ сухан бигуем?! Аз ин назар ҳоло дар кишвари мо сухан гуфтан аз Ваҳдат саросемакорие беш нест, зеро дар хеле аз бахшҳо мо дар вурудгоҳи ваҳдат, яъне зинаи оштӣ қароро дорем ва дар хеле аз бахшҳо ҳамчунон дар биёбони тафриқа ва даштҳои бегонагӣ қадам мезанем. Ба дур аз рангомезии сиёсӣ ва баҳрабардории таблиғотӣ бояд ҳар падидаро ба исми худаш ва мутобиқи мантиқ номгузорӣ кунем, то арзишҳоро зери по нагузорем ва фардо пушаймон нашавем, ки тамоми умр қасри яхин сохтаем ва дар аввалин тобиши воқеии офтоби ҳақиқат об шуду аз ҳам рехт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)