«Покистон метавонист дар чанд ҳафта ба қатъи амалиётҳо дар Афғонистон муваффақ гардад»
Исломобод метавонист ҳамагӣ дар чанд ҳафта ба қатъи амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон муваффақ шавад. Ин нуктаро генерал Шермуҳаммад Каримӣ, раҳбари артиши Афғонистон баён кардааст.
Дар мусоҳибае ба «Бӣ-Бӣ-Сӣ» генерали афғон гуфтааст, Толибон зери контроли Исломободанд ва агар Покистон бихоҳад, метавонад барои оташбаси онҳо бо мақомоти Афғонистон талошҳои назаррас ва муассире анҷом бидиҳад.
«Ҳоло Покистон ҳам дар қаламрави худ аз террористон ба ҳадде ҷабр мекашад, ки мо мекашем. Мо метавонем барои мубориза бо ин хатарҳо муштаракан талош варзем. Ин чиз дар ҳоле натиҷа медиҳад, ки агар ҳар ҷониб дар амалҳояш содиқ бошад»,-афзудааст Шермуҳаммад Каримӣ.
Чанде қабл, Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури Афғонистон пешниҳоди нахуствазири Покистонро дар мавриди ба он кишвар ташриф овардан рад карда, изҳор дошт, «аз мулоқотҳои дуҷониба натиҷаҳои муассиртаре интизор аст».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |