Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, аз сафар ба Миср худдорӣ кунанд
Сафорати Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ аз қавли раҳбари ҷамъияти қирғизҳо дар Миср гуфтааст, дар ҳоли ҳозир вазъи шаҳрвандони ин кишвар дар давлати арабӣ ором буда, ягон ҳолати маргу мир ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин манбаъ таъкид карда, ҳеч шаҳрванди Қирғизистон дар тазоҳурот ширкат надорад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, то аз сафар ба Мисри Араб худдорӣ варзанд.
Маврид ба зикр аст, чанд рӯз мешавад, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Миср даст ба тазоҳурот зада, ба кӯчаву хиёбонҳои навоҳии ин кишвар баромадаанд. Ахиран, Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақом барканор кард. Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ба сурати муваққат ва то баргузории интихоботи зудҳангом идораи умури кишварро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |