Боздошти муттаҳам ба куштори “бомж” дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷасади шаҳрванд, Сухов Алексей Владимирович, соли таваллудаш 1972, айни ҳол бе ҷойи зист, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ санаи рӯзи якшанбеи 7-уми июл, Роговой Сергей Владимирович, соли таваллудаш 1985, сокини Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бо гумони даст доштан ба куштор дастгир карда шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, номбурда аз сабаби муноқишаи байниҳамдигар се маротиба ба сараш бо оҳанпора мезанад, ки дар натиҷа Сухов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ниҳод мегӯяд, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |