Бахшҳо

Сафири Тоҷикистон дар Миср: Вазъ ҳассосу мураккаб аст

Дар пасманзари табаддулоти охири Миср ва нигаронии донишҷӯёни тоҷик аз ноамнӣ дар ин кишвар, Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо сафири Тоҷикистон дар Миср, Нарзулло Назаров мусоҳиба анҷом дод.

Озодагон:
Назари Шумо дар мавриди воқеаҳои охири Миср чист?

Н. Назаров:
Вазъияти имрӯзаи Миср мураккаб ва ҳассос боқӣ мемонад. Инқилоби 25 январи 2011, тағйири низоми ҳукм, гирдиҳамоии бардавом дар майдонҳо, тақсими ҷомеа ба ду гурӯҳ ё худ ду майдони ба ҳам зид – тарафдорон ва мухолифон – ба тадриҷ кишварро ба бӯҳрони амиқ кашид. Таҳаввулоти демократии солҳои ахир, ба арсаи сиёсии кишвар ворид гардидани ҳизбу ҳаракатҳои зиёд ва муборизаи шадид барои ба сари қудрат омадан оромии ҷомеаро то ба ҳадде халалдор кард.

Чи тавре расман эълон шуд, нокомии низоми собиқ дар идораи умури кишвар қувваҳои мусаллаҳро водор сохт, ки ахиран 30 июн бино ба дархости аксарияти мардум барои тасҳеҳи раванди инқилоби 25 январ иқдом намоянд. Бо вуҷуди он, гирдиҳамоиҳо идома доранд ва ҷо-ҷо даргириҳои хунин вазъро то андозае муташанниҷ кардаанд ва ҳоло идораи муваққатӣ тибқи "Нақшаи роҳ"-и эълоншуда барои ба эътидол овардани вазъ ва ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ки барои ҳамаи тарафҳо қобили қабул бошад, пайгирона талош меварзад. Изҳори умед мекунем, ки мақомоти кишвар дар наздиктарин фурсат роҳҳои дурусти хотимаи ин бӯҳронро пайдо хоҳанд кард.

Озодагон: Вазъи диломатҳои тоҷик дар Қоҳира чӣ гуна аст?

Н. Назаров: Намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқим дар Миср, аз ҷумла сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, ба таври мӯътадил фаъолияти худро идома дода истодаанд. Бо вуҷуди он ки гирдиҳамоиҳои эътирозии бардавом асосан дар майдонҳои марказӣ маҳдуд буда, зери назорат ҷараён доранд, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо ва маҳаллаҳои тиҷоратӣ чун пештара кор мекунанд.

Озодагон: Пурсиши дигар дар мавриди донишҷӯён. Дар нишасти имрӯза вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки аз сабаби нооромӣ аз бурсияҳои давлати Миср барои фиристодани донишҷӯёни тоҷик худдорӣ мекунад.Оё вазъи Миср барои шаҳрвандони хориҷ воқеан то ҳамин андоза хавфнок аст?

Н. Назаров: Бояд ба эътибор гирифт, ки таҳсил ва тайёр кардани кадрҳои мутахассис, ки ба он ҷомеа ниёз дорад, аз ҷониби Вазорати маориф ҳамчун мақоми ваколатдор дар асоси сиёсати ба таври мутамарказ тарҳрезишуда амалӣ мешавад. Истифодаи бурсияҳои таҳсил дар хориҷи кишвар аз рӯи ҳамин сиёсат ва бо назардошти шароити ҳамаҷонибаи кишвари пазиранда, аз ҷумла шароити амниятӣ, сурат мегирад. Вазъи бӯҳронии Миср дар давоми беш аз 2 соли ахир, нооромиҳои бардавом, мутассифона, чунин шароитро барои таҳсили хориҷӣ фароҳам оварда наметавонад.

Аз ҷониби дигар, Вазорати таълими олии Миср ба сабаби бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва нуқси маблағгузорӣ 2 сол боз ин ҷониб имконияти ҷудо кардани бурсияҳоро надорад. Илова ба он, аксарияти донишҷӯёни тоҷик, ки барои таҳсил ба донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн Шамс қаблан роҳхат гирифта буданд, асосан ба сабаби заъфи донишҳои забони арабӣ (таҳсили ихтисосҳо ба забони арабист) ва душвориҳои фаҳмиши маводи таълимӣ аз санҷишу имтиҳонҳо нагузаштанд ва маҷбур шуданд таҳсилро тарк карда, ба Ватан баргарданд.

Фикр мекунам, дар оянда баробари ба эътидол омадани вазъ ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфуз ва дорои сатҳи байналмилалии Миср дар тайёр кардани кадрҳо мутобиқ бо манфиатҳои миллии кишвар идома хоҳад ёфт. Он гоҳ бо назардошти таҷриба бояд дар асоси озмунҳо ҷавонони лаёқатманд ва дорандагони заминаи хуби забони арабӣ барои таҳсил дар он тибқи ихтисосоти лозима сафарбар шаванд.

Озодагон: Ахиран донишҷуёни тоҷики муқими Миср бо ирсоли номае гуфтаанд, ки дар ин кишвар эҳсоси ноамнӣ карда, сафорат ҳам барои интиқоли онҳо ба ҷойи амн чора наандешидааст. Вале Шумо дар як сӯҳбати худ гуфтед, ки аз донишҷуён дархосте дастрас накардаед. Донишҷуёни тоҷик ҳоло дар Миср чӣ вазъ доранд?

Н. Назаров: Диаспораи тоҷикро дар Миср асосан донишҷӯён ташкил мекунанд, ки аксарияти он дар муасиссаҳои таълимии Азҳари шариф, аз ҷумла Донишгоҳи Азҳар бе роҳхати мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ таълими динӣ мегиранд. Теъдоди донишҷӯёни бурсияҳои расмӣ дар Донишгоҳи Қоҳира ва Донишгоҳи Айн Шамс имрӯз 21 нафарро ташкил мекунад. Бино ба таътили тобистона 19 нафари онҳо ба Ватан рафтанд, танҳо 2 нафар бо хоҳиши худ боқӣ мондаанд ва дар ҷои амн зиндагӣ мекунанд ва пайваста бо Сафорат дар тамосанд. Сафорат бо донишҷӯёни Азҳар, ки қисмате аз онҳо бо оилаҳояшон дар Қоҳира муқим мебошанд, аз тариқи созмони онҳо бо номи "Иттиҳод" тамос барқарор кардааст. То ҳол касе аз онҳо аз эҳсоси ноамнӣ шикояте ё муроҷиате ба Сафорат накардааст. Азбаски онҳо бо майлу хоҳиши худ ба Миср омадаанд ва ҳеч мақоми расмии Тоҷикистон онҳоро барои таҳсили динӣ низ нафиристода аст, пас бозгашти онҳо ба Ватан метавонад бо хоҳиши худашон ё волидайн сурат гирад, ба хусус дар чунин як вазъи ноороми кишвари иқомат.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ин гурӯҳи ҷавонон дар ҳудуди 300-400 нафар бар хилофи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ва тартиби гирифтани таҳсили динӣ дар хориҷи кишвар дар Азҳар ва дигар марказҳои динии Миср таҳсил мекунанд ва дар ин асос волидайни онҳоро лозим меояд нисбати тақдири ояндаи фарзандонашон бетафовут набошанд.

Дар ҳар сурат, Сафорат ба ҳамаи шаҳрвандони муқим дар Миср, сарфи назар аз моҳияти иқоматашон ва таҳсилашон, як хел таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳамеша кӯшиш мекунад ниёзҳо ва муроҷиатҳои онҳоро дар чорчӯбаи имкониятҳо бе ҷавоб намонад. Аммо он нафаре, ки чунин як шикояти беном ба расонаҳои хориҷӣ кардааст ва қаблан ҳам борҳо шикоят бурдааст (шахсияти ӯро шинохтан ҳам на он қадр душворӣ дорад), ин шикояти шахсии ӯст ва ба ҳеҷ ваҷҳ нуқтаи назари диаспораро ифода намекунад.

Озодагон: Давоми солҳои охир дар кишвар аз таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои исломии хориҷ ба далели ифротгаро шудани онҳо, изҳори нигаронӣ карда мешавад. Давоми фаъолияте, ки дар Миср ба ҳайси сафир доред, оё ягон ҳолати ифротӣ шудани ҷавони тоҷикро мушоҳида кардед?

Н. Назаров:
Воқеан, солҳои ахир афзоиши адади ҳаракату ҷараёнҳои ба исломи мубин ва мафкураи миллию динӣ бегона ташвишовар аст. Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ин хатар ва таҳдидҳо дар ҳар муносибат ишораҳо карда, мардум, ба хусус ҷавононро аз мафтун шудан ба ин номҳои зебои исломӣ ҳушдор додаанд. Мо бояд ба хотири сулҳу оромӣ, ҳифзи манфиатҳои олӣ ва рушди ояндаи кишвар аз тановули ҳар гуна ба истилоҳ шаҳде, ки дар зери он заҳр хобидааст, боҳазар бошем. Тасаввур кунед, модом ки фарде машғулияти худро, ба хусус таҳсилу сабақомӯзии худро ба таври махфӣ пинҳон аз назари давлат ва ҷомеа анҷом медиҳад, наметавонад мавриди нигаронӣ набошад. Дар Миср ба ғайр аз Азҳари шариф ба ҳайси муассисаи давлатии таълимии мӯътадил дигар марказҳои таълими ислом ва ҷараёнҳои тозазуҳури он арзи фаъолият мекунанд, ки таҳсил дар онҳо берун аз назорат сурат мегирад. Ҳарчанд то ҳол ҳолати таассуб ё ифротгароӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маънои онро надорад, ки давлат дар ин росто бетафовут бошад. Таҳсил дар ҳамаи кишварҳо, бидуни истисно, таҳти назорати ҷиддии давлат қарор дорад. Аз ин лиҳоз, мо ҳама – мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа, падару модарон – вазифадорем ба ин гуна таҳсили беназорат, ки метавонад минбаъд фитнаангез ва ба суботи ҷомеа халал ворид намояд, бо масъулияти том муомила кунем.

Озодагон:
Муносибати дипломатии Тоҷикистон бо Миср дар як соли ҳукмронии Мурсӣ чӣ гуна буд? (бетағйир ё фарқкунанда)

Н. Назаров: Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ барпо ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон роҳандозӣ кардааст.

Миср низ ба ҳайси давлати бонуфузи арабӣ, исломӣ, африқоӣ ва осиёӣ, ки дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муассир мебозад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муайянро ишғол мекунад ва марҳилаи сифатан нави ин муносибатҳо баъди сафари таърихии расмиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2007 оғоз шудааст, ки ифтитоҳи аввалин намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ягона дар қитъаи Африқо яке аз натиҷаҳои сафари таърихии Президенти мамлакат ба Миср ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар муносибатҳои дипломатӣ ва байнидавлатии худ бо ҳар давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо Миср низ болотар аз сатҳи гурӯҳ, ҷамоат ё ҳизб муомила мекунад ва ба раванди ин муносибатҳо, ки бар эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии якдигар асос мегиранд, ба сари қудрат омадани ин ё он намояндаи ҳизб ё гурӯҳ наметавонад таъсире дошта бошад.
Имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар сатҳи қаноатбахш дуҷониба ва дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ густариш ёфта истодаанд. Изҳори боварӣ мекунем, ки вазъи душвори кунунии Миср дер нахоҳад поид ва ин кишвари ба мо дӯст бо собиқаи давлатдории ҳазорсолаҳо ва ҳикмату фарҳанги деринааш аз ин имтиҳони душвар ба зудӣ хоҳад баромад.
Мӯҳр
Манучер
Назрулохи назар чавобот хубу неки ончи ки савол буд аник нагуфтед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)