Дастаҳои ССКА “Помир” ва “Хайр” дар даври финалии Ҷоми ФФТ

Дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаҳои “Эсхата” - ССКА “Помир” бозии ҷавобии ниманиҳоии худро дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд анҷом доданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Голи ягонаи дидорро бозигари ССКА “Помир” Шамсиддин Қосимов ба ҳадаф расонид.
Дар бозии аввали даври нимниҳоӣ бошад дастаи ССКА “Помир”, дар варзишгоҳи худ тими “Эсхата”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд. Аз ин ру дастаи ССКА “Помир” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 4:0 финал баромад.
Дастаҳои “Хайр” ва “Далерон-Ӯротеппа” бозии ҷавобии даври ниманиҳоиро дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ки дар ин дидор соҳибони майдон бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Голҳоро Мирзобек Мирзоев (11), Иброҳим Муҳаммад (33) ва Маҳмадлоиқ Нуриддинов (37) ба ҳадаф расониданд. Дар бозии аввали даври ниманиҳоӣ миёни дастаи “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан дар майдони худ тими “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд. Ҳамин тариқ дастаи “Хайр” низ аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба финал баромад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |