Созиши Девонаев бо муфтӣ дар мавриди муҳоҷирон
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротгаро ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон бо Маркази исломии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират санади мазкур, ки аз ҷониби Сафиалло Девонаев ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода имзо шудааст, ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ, донистани фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, муҳоҷирати меҳнатии занон ва ноболиғон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва эҳтиром ба марзу бум, инчунин омодагии пеш аз сафари корӣ ба хориҷа пешбинӣ намудааст.
Ҷонибҳо инчунин дар бораи ташкил намудани сафарҳои муштараки корӣ бо мақсади бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва таҳлил намудани ҳолати будубоши муҳоҷирон дар хориҷа созиш намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |