Калонтарин бонки Тоҷикистон 453 миллион $ дорад
Оҷонсии “РИА Рейтинг” таҳқиқоти ҳарсолаи умури бонкӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро анҷом дода, раддабандии 100 калонтарин бонки ин иттиҳодро таҳия намудааст.
Дар ин раддабандӣ, ки дар асоси маълумоти Бонкҳои марказии кишварҳои ИДМ таҳия шудааст, ягон бонки Тоҷикистон ворид нагардидааст.
Гузоришгарон мегӯянд, агар сармояи ҳамаи бонкҳои Тоҷикистонро ҷамъоварӣ намоянд, барои ворид шудан ба рӯйхати сад бонки ИДМ кифоя нахоҳад буд. Ба иттилои таҳқиқотгарон ҳаҷми сармояи калонтарин бонки Тоҷикистон, “Агроинвестбонк” ба ҳолати аввали соли равон 453 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки тақрибан баробари 200-умин бонки Русия аст.
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 15 бонк ва 150 ташкилотҳои қарзӣ фаъолият доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |