Пешниҳоди “Тоҷикстандарт” барои манъи воридоти мошинҳои гаронвазн
Нилуфари КАРИМ“Тоҷикстандарт” дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод намудаанд, воридоти мошинҳои гаронвазне, ки роҳҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати онҳо пешбинӣ нашудаанд, манъ гардад.
Дар ин бора Ибодулло Қурбонов, муовини директори агентии “Тоҷикстандарт”, имрӯз, 12-уми июл хабар дода, афзуд “вазни мошинҳое, ки барои роҳҳои Тоҷикистон муқаррар гардидааст 40 тонна мебошад. Аммо баъзе нақлиётҳое, ки вориди Тоҷикистон мешаванд бо бори зиёда аз 60-70 тонна ҳаракат мекунанд.”
Дар мавриди мошинҳои гаронвазне, ки то ҳол ба Тоҷикистон ворид шуданд, Қурбонов изҳор дошт, ки “Тоҷикстандарт” бо Донишкадаи техникӣ ва Вазорати нақлиёт ба хулосае омаданд, ки нисбати онҳо як ҳуҷҷати меъёрӣ таҳия кунем. Алакай ин мошинҳо харидорӣ шудаанд, моли соҳибкоронанд ва дигар онҳоро қафо гардонда намешавад, фақат як роҳ дорем, ки онҳоро ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҷумҳурӣ мутобиқ гардонем. Бигзор борашонро камтар кунанд.”
Дар ҳамин ҳол “Тоҷикстандарт” омили асосии вайроншавии роҳҳо дар Тоҷикистонро ҳаракати мошинҳои гаронвазн медонад.
Нарзулло Шарипов, сардори раёсати ба меъёрдарории техникӣ ва стандартизатсиякунонии Агентии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, мошинҳои гаронвазн бояд, танҳо шабона дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳаракат кунанд: “Аммо онҳо рӯзона дар ҳарорати 40-45 дараҷа гармӣ ҳаракат мекунанд. Роҳ ба кадом стандартҳои ҷаҳонӣ, ки сохта шуда бошад, дар ин ҳарорат метавонад вайрон шавад”.
Ин масъули “Тоҷикстандарт” гуфт, айни ҳол барои назорати ин масъала дар кишвар як гурӯҳи кории махсуси байниидоравӣ, таъсис дода шуд, ки аллакай ба кор оғоз кардааст.
Дар ҳамин ҳол Ибодулло Қурбонов, директори Агентии “Тоҷикстандарт” дар нишасти матбуотӣ таъйид намуд, ки роҳҳои навбунёд дар Тоҷикистон зуд вайрон мешаванд. Ӯ афзуд, ки “Тоҷикстандарт” танҳо барои маҳсулоту масолеҳе ҷавобгар аст, ки аз сертификатсияи ин ниҳод гузаштаанд: “Боқӣ дар роҳ кадом маҳсулот истифода мешавад, оё роҳҳое, ки имрӯз сохта истодаанд ба талаботҳо ҷавобгӯ ҳастанд ё не, ин ба салоҳияти Хадамоти назорати соҳаи нақлиёт дахл дорад, ки дар назди Вазорати нақлиёт мавҷуд аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |