Духтари бузурги президент миёни «обу оташ»?

Гулнора Каримова, духтари бузурги райисҷумҳури Узбакистон дигар сафири ин кишвар дар СММ, мақараш Женева нест. Бо ин ӯ аз ҳаққи дахлнопазирии дипломатӣ маҳрум мешавад ва прокурорҳои аврупоӣ, ки ба таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии марбут ба коррупсия машғуланд, метавонанд ба Гулнора барои ҳозир шудан ба дафтарашон даъватнома бифиристанд. Таври маълум дар ин парвандаҳо «изи ангуштон»-и Каримова зиёд дида мешавад, хабар медиҳад блоги EurasiaNet «Чойхона».
Бахши узбакии Бӣ-бӣ-сӣ ду рӯз қабл навишт, Вазорати умури хориҷии Узбакистон ахиран ба сафорати Швейтсария дар Тошканд хабар дод, ки Гулнора Каримова дигар намояндаи доимии ин кишвар дар СММ нест. Дар ҳамин ҳол ширкати RTS-и Швейтсария хабар додааст, ки аз даст додани курсӣ дар СММ барои Гулнора маҳрум шудан аз ҳаққи дахлнопазириро ҳам дар пай дорад. Дар хабарҳо дақиқ гуфта нашудааст, ки Гулнора Каримова худаш аз вазифа канор рафтааст ё ӯро озод кардаанд, аммо RTS гуфта, мақомоти Фаронса манзилҳои марбут ба духтари президентро дар Фаронса бо дархости прокуратураи Швейтсария тафтиш кардаанд.
Худи Гулнора Каримова дар саҳифаи Твиттераш талош кардааст, мавзӯи маҳрум шудан аз ҳаққи дахлнопазириро беарзиш нишон диҳад. Ӯ ҳамчунин ба «тарафҳои бегона», бо шумули ширкати бузурги «МТС»-и Русия, ки ҳамкори онро дар Узбакистон соли гузашта бастанд, дар расондани фишор ба мақомоти Швейтсария муттаҳам кардааст: «Ин дуруғ аст, аммо барои донистани он ки кӣ ва барои чӣ ин маълумот (дар бораи маҳрум шудан аз ҳаққи дахлнопазирӣ)-ро паҳн мекунад бояд ба мақомоти Швейтсария ва ҷонибҳои дигар, мисли «МТС»-и Русия муроҷиат кунед!».
Каримова илова карда, ки вазифааш дар СММ ба ӯ «чандон лозим нест», зеро вай «24 соат дар шабонарӯз, ҳафт рӯз дар ҳафта» ба корҳои хайриявӣ дар Узбакистон машғул аст ва ин корҳоро аз дафтари Женева анҷом додан «душвор шуда буд».
Номи духтари бузурги Ислом Каримов ахиран дар ду қазияи марбут ба коррупсия зикр шуд. Дар пайи як барномаи шабакаи телевизионии SVT-и Шветсия дар мавриди дарёфти ҳаққи кор дар бозори Узбакистон аз сӯи ширкати «ТелиоСонера»-и Швейтсария моҳи декабр таҳқиқотҳое оғоз шуд. Дар ин замина ҳуҷҷат ва санадҳое дастраси матбуот шуд, ки бино бар онҳо дар ивази маблағи чандмиллиондолларӣ ба ширкати шведсиягии TeliaSonera “ҳимояи маъмурӣ”-и давлати Узбакистон кафолат дода шудааст. Ин ҳуҷҷатҳоро, ки бархе аз қисматҳояш дастнавис буда, як шахси номаълум онҳоро ба Телевизиони ҷамъиятии Шветсия расондааст, шубҳаи ришвагирии Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистонро аз ширкати мобилии TeliaSonera тақвият медиҳанд.
Гулнора Каримова, ки худро ҳамчун тарроҳи либос ва хонандаи поп (бо тахаллуси Гугуша) муаррифӣ мекунад, духтари бузурги Ислом Каримов, райисҷумҳури Узбакистон аст. Соҳибназарон мегӯянд, Каримов мехоҳад, баъд аз ӯ ба курсии президентӣ маҳз духтари бузургаш бишинад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |