Боздошти Додоҷони Атовуллоҳ ҳангоми бозгашт аз Прага

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт гардидааст.
Ин иттилоъро яке аз наздикони оқои Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард ва гуфт, боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, ба Русия бармегашт. Мусоҳиби мо афзуд, "дар як тамоси кӯтоҳ гуфтанд (Додоҷони Атовуллоҳ), ки ин боздошт бо дархости ҷониби Душанбе сурат гирифта, дархост аз номи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст."
Ҷузъиёти боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, то ҳол маълум нест. Вале худи ӯ чанде пештар гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон дархости 27-умашро барои боздошт ва таслими ӯ ба Маскав ирсол кардааст. Иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон таъйид накарданд.
Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.
Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.Акс аз Фейсбук: Додоҷони Атовуллоҳ дар Прага
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |