Манъи ҳузури кормандони давлатӣ дар ифтор

Дар Узбакистон барои кормандони давлатӣ рафтан ба ифтор дар шомҳои моҳи Рамазон манъ карда шудааст.
Расонаҳои узбакӣ мегӯянд, тамоми муассисаву корхонаҳои давлатии шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, рафтан ба ифтор дар шомҳои моҳи Рамазонро барои кормандони худ мамнуъ эълон карда, ҳушдор додаанд, ки ҳар нафаре саркашӣ мекунад, номи ӯ ба рӯйхати сиёҳи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ворид карда хоҳад шуд.
Яке аз кормандони Бонки мардумии шаҳри Тошканд фармон дар мавриди нарафтан ба ифтор дар шомҳои моҳи Рамазонро тасдиқ намуда гуфтааст, "аз мо касе ба ифтор намеравад, ҳама баъд аз анҷоми соати корӣ ба хонаҳои худ мераванд ва мо дар ин бора масъулонеро низ дорем, ки кормандонро назорат мекунанд." Ин корманди бонк мегӯяд, ин дастур аз тарафи раиси Бонки марказии Узбакистон ба тамоми кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ содир шудааст. Вале бархе аз шаҳрвандони Узбакистон гуфтаанд, онҳо ба таври пинҳонӣ дар ифторҳои дӯстону наздикони хеш ҳузур хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, қабл аз шурӯи моҳи Рамазон иқдом алайҳи занҳои рӯсарипӯш дар бозорҳои Узбакистон оғоз шуда, пӯшидани ҳиҷоб барои тоҷирзанҳои узбак мамнуъ эълон карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |