Танқидҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ аз Ҷенифер Лопес идома доранд

«Ҷеннифер Лопес аз сӯи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи Амрико барои дарёфти маблағи ҳангуфт ҷиҳати ҳунарнамоӣ дар назди яке аз «каллабурҳои бадтарини ҷаҳон ва дӯстони ӯ» зери интиқоди шадид қарор гирифт»,-навиштааст рӯзномаи The Independent.
Бино ба иттилои Бунёди мубориза барои ҳуқуқи инсон (HRF), хонуми Лопес барои «ҳунарнамоӣ дар назди дӯздҳо ва диктаторҳо» беш аз 10 миллион доллар гирифтааст.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Лопес аллакай барои ҳунарнамоӣ дар ҷашни бошуқуҳи таҷлил аз зодрӯзи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури Туркманистон танқид шуда буд. Human Rights Watch Туркманистонро яке аз кишварҳои дорои «режими шадиди репрессия» дар ҷаҳон номидааст, -менависад манбаъ.
Ёдовар мешавем, намояндаҳои Ҷенифер Лопес баъди интиқодҳо гуфта буданд, ки «агар ӯ аз иттиҳомоти ҳомиёни ҳуқуқи башар алайҳи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов огоҳ мебуд, ҳаргиз дар рӯзи мавлудаш овозхонӣ намекард».
29-уми июн Лопес дар 56-умин солгарди рӯзи мавлуди Бердимуҳаммадов ҳунарнамоӣ ва суруди «Happy birthday, Mr. President»-ро хонд. Аммо Бунёди мубориза барои ҳуқуқи инсон гуфтааст, онҳо як қатор баромадҳои хонуми Ҷенифер назди шахсони машкукро дар ихтиёр доранд.
«HRF як қатор консертҳоеро дар ихтиёр дорад, ки давоми ду соли охир Лопес дар онҳо сарояндагӣ кардааст. Аз ҷумла соҳибкори узбак Азам Асламов (ӯро HRF «коррупсионер» медонад), барои сурудхонӣ дар тӯи писараш ба ӯ тақрибан 1 миллион доллар додаст»,-навиштааст рӯзнома.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |