Оҷонсӣ пайомади қарори Убайдуллоевро таҳлил кардааст

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, баъди содир шудани қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нархҳо тайи даҳрӯзаи аввали моҳи Рамазон дар пойтахт поин рафтаанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар пайи назорати давлатӣ ва ҳамраъйии соҳибкорону тоҷирон имрӯз дар бозорҳои шаҳр, як кг гӯшти гов 29, гӯшти гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған») то 130, 1 л. равғани растанӣ 7,5, 1 кг биринҷи ватанӣ то 6, 1 кг шакар то 4,2, 1 л. шир дар бозорҳо то 3,5, 1 кг сабзӣ то 1,6, 1 кг картошка то 1,5, 1 кг пиёз то 0,65 ва 1 дона тухм то 0,5 сомонӣ ба савдо гузошта шудааст.
Оҷонсии омор таъкид мекунад, дар санаи 15 июли соли 2013 нисбат ба 1 июли соли равон нархи як кг бехпиёз 23,5%, як кг сабзӣ 21,1%, як кг биринҷи ватанӣ 17,1%, як кг шакар 17,0%, як кг картошка 15,6%, як кг гандум 12,2%, як кг помидор 9,5%, як кг бодиринг 13,8% як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон 9,8%, 1 л. равғани растанӣ 9,7%, 1 дона тухм 9,1%, як кг гӯшти гов 6,5% ва гӯшти гӯсфанд 6,2% коҳиш ёфтаанд ва арзиши 5 намуд бе тағйир нигоҳ дошта шудааст.
Шаҳрдорӣ бо такя ба иттилои оморӣ мегӯяд, айни ҳол нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт аз нарх дар навоҳӣ арзонтар аст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таъмин ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба корхона «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» - 600 ҳазор сомонӣ, «Бозори Шоҳмансур»- 200 ҳазор сомонӣ ва «Бозори Саховат»- 200 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз додааст.
Шаҳрдорӣ аз кулли сокинони пойтахт даъват кардааст, ки бо назардошти нархҳои муайяннамудаи шаҳрдорӣ, ҳангоми хариди маҳсулот дар бозорҳои пойтахт аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |