Президент ду рӯз дар танҳоӣ Душанбею атрофашро сайр кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ду рӯз бо мошини шахсияш Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро “сайр” карда, бо вазъи онҳо ошно шудааст. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин сайри президент дар танҳоӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта (13-14 июл) сурат гирифтааст.
“Президент дар танҳоӣ бо мошини шахсияш аз чаҳор ноҳияи Душанбе ва Варзоб, Ҳисор, Ваҳдату Рӯдакӣ боздид кардааст”,-гуфт ӯ.
Шарифов афзуд, раисиҷумҳур ҷузъиёти ин сафарашро ифшо накардааст: “Танҳо дар ҷаласаи имрӯза (18 июл)-и ҳукумати Тоҷикистон аз вазъи тозагию ободонӣ дар кӯчаю ноҳияҳо интиқод намуд.”
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини ноҳияҳои зикршуда даъват намудааст, ба вазъи ободонию тозагии кӯчаҳо диққати бештар диҳанд. Акс аз бойгонӣ: Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи нақби Шаҳристон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |