ИМА барои Сноуден Олимпиадаи Сочиро таҳрим намекунад

ИМА Олимпиадаи Сочи-2014-ро таҳрим намекунад, менависад нашрияи русии Комерсант.
Қаблан, Линдси Грэхэм, сенатор аз Королинаи Ҷанубӣ гуфта буд, Амрико дар посух ба пешниҳоди паноҳандагӣ ба Эдвард Сноуден аз суи Кремл бояд Олимпиадаро таҳрим кунад. Аммо ин пешниҳод дастгирӣ наёфта, баръакс бо вокуниши шадиди сиёсатмадорон, бо шумули намояндаҳои «Қасри сафед» рӯбарӯ шуд.
Ҷон Бейнер, спикери палатаи намояндаҳои ИМА ин идеяро як пешниҳоди ғалат хонда гуфтааст: «Барои чӣ мо бояд варзишгарони ИМА-ро, ки се сол барои ширкат дар Олимпиада омодагӣ диданд, барои кадом як хоин ҷазо бидиҳем?»
Кумитаи миллии Олимпии Амрико ҳам ин идеяро ҷонибдорӣ накард. «Дарси хуб барои мо аз чунин таҳримҳо Олимпиада-80 аст, то дарк намоем, ки чунин корҳо чизеро тағир намедиҳанд. Таҳрими Олимпиада дар соли 1980 аз сӯи Амрико (барои ба хоки Афғонистон ворид кардани неруҳои Шӯравӣ) барои ҳалли низоъ ҳеч кӯмаке накард, баръакс садҳо амрикоиро аз шонси беҳтарини муаррифии кишвари мо маҳрум сохт»,-гуфтааст Патрик Сандаски, раҳбари КМО-и ИМА.
Гуфта мешавад, агар Русия ба Эдвард Сноуден паноҳгоҳи сиёсӣ бидиҳад, эҳтимол дорад, мақомоти Амрико як қатор таҳримҳоеро нисбат ба Маскав эъмол кунанд.
Ёдовар мешавем, мақомоти ИМА Эдвард Сноуденро дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мекунанд. Рӯзи 30-юми июн маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |