Сафари Раҳмон ба Ҳисору Шаҳринав ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт
Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи нави коркарди нафт “Капитал” ба кор андохта шуд.
Ин корхона, ки 20-уми июл бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, бо технологияи классикии коркарди нафт аз Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар бар ивази 70 миллион сомонӣ дар масоҳати 10 гектар замин бунёд ёфтааст.
Иқтидори кунунии корхонаи мазкур дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хом буда, ки аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазут истеҳсол карда мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар карда, дар маросими ифтитоҳияи корхонаи коркарди нафти “Капитал” иштирок кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |