Боздошти ҳамёндузди 41-сола дар бозори “Корвон”
Мақомоти пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як зани 41-сола, сокини ноҳияи Ҳисорро боздошт кардааст, ки ба ҳамёндуздӣ дар “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод шаҳрванд Шарбатова Нисо Давлатовна, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо муроҷиат намуд, ки рӯзи 19-уми июли соли 2013 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ дар дохили бозори «Корвон» аз ҳамёнаш 1400 доллари амрикоӣ ва 930 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 7760 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба ин дуздӣ шаҳрванд Муҳиддинова Саидпошоҳ Қамарддиновна, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир карда шуд. Ин ниҳод мегӯяд, аз боздоштшуда далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |