Як масъули ҳукумат: “Лағви лимити барқ аз интихобот вобаста нест”

Содиқ Рустамов, мудири шӯъбаи энержӣ ва саноати ҳукумати Суғд, гуфт, қарор нест, дар соли интихоботи президентӣ лимити нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.
Оқои Рустамов, ки рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарии намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд суҳбат мекард, гуфт, “маҳдудияти барқ бештар аз мову Шумо вобаста аст.”
Вай сарусадоҳоро дар бораи ин ки гӯиё дар соли интихобот лимити барқ аз миён бардошта хоҳад шуд, рад карда ва гуфт, “аз интихобот чӣ вобастагӣ дорад? Шумо гуфтан мехоҳед, ки барои раисиҷумҳурро интихоб кардан маҳдудиятро аз байн мебаранд? Ин тамоман аз интихобот вобаста нест. Ин вобаста аст аз сокинон.”
Содиқ Рустамов афзуд, “мо агар хонаро бо ангишт гарм кунему барқро барои равшаниву телевизор, дарзмолу дигар чӣ истифода намоем, барқ басандагӣ мекунад.”
Сокинони манотиқи шимоли Тоҷикистон дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон ба барқ дастрасӣ надоранд. Танҳо сокинони шаҳри Хуҷанд дар ду - се соли охир аз лимити барқ раҳоӣ ёфта, сокинони манотиқи дигари вилоят дар фасли зимистон дар як шабонарӯз танҳо чаҳор илло панҷ соат барқ дарёфт мекунанду тамом.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |