Ҷасади Комрон пайдо ва ба манзили сокинони Душанбе об омад
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҷасади Комрон Шаҳидови 18-сола, ки ду рӯз қабл дар канали дереватсионии Варзоб ғарқ шуда буд, ёфт ва ба манзили сокинони пойтахт оби ошомиданӣ омад.
Субҳи 23-юми июл Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, иттилоъ дода буд, ки Шаҳидов Комрон Шамсиддинович дар канали дереватсионии Варзоб, ки қисми зиёди Душанбе аз он об менӯшанд, зимни оббозӣ ғарқ шудааст ва аз соати 05-00 то соати 17-00 таъминоти оби ошомиданӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад. Ба гуфтаи Саидов мақомот ҷасади ҷавонро ба зудӣ пайдо намуда, пеш аз муҳлат сокинони Душанберо аз нав бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |