Бунёди ҳуҷраи намозгузорӣ дар терминали байналмилалии Душанбе

Сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе то моҳи декабри соли 2014 ба анҷом хоҳад расид.
Одил Бобоев, муҳандиси терминали нав, имрӯз, 25-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, терминали нав бо 20 млн еврои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва 19 млн еврои ҷониби Фаронса бунёд гардида, утоқи махсус барои намозгузорон, хонаи модару кӯдак, ҷой ва лифтҳои махсус барои маъюбонро дар бар хоҳад гирифт.
Ба иттилои Бобоев айни ҳол дар иншооти мазкур 25 нафар мутахассисони фаронсавӣ ва 110 нафар сохтмончиёни тоҷикистонӣ фаъолият доранд.
Пас аз ба истифода додан, терминали нав қодир мешавад, дар як сол ба 1,5 миллинон мусофир хизмат расонад. Хизматрасонӣ дар як соат 500 мусофирро фаро хоҳад гирифт. Айни ҳол хизматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе дар як соат ба 130 мусофир соат расидааст.
Бобоев таъкид намуд, ки сохтмони терминали навро ширкати сохтмонии «Винчи Конструксён Гран Проже» ба уҳда дорад, ки яке аз ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ҷаҳонӣ буда, то имрӯз дар сохтмони 13 фурудгоҳ иштирок намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |