Пирӯзиии сеюми «Бавария» бар «Барселона» дар се моҳ
Клуби футболи "Бавария"-и Мюнхен дар дидори дӯстона бо тими «Барселона» бо ҳисоби 2:0 дастболо шуд.
Ин бозӣ, ки ба 60-солагии солрӯзи Ули Хенесс, президенти «Бавария» бахшида шуд, дар варзишгоҳи "Алянс Арене"-и Мюнхен доир гардид.
Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Филипп Лам боз намуд. Голи дуюмро Марио Манҷукич дар дақиқаи 87-ум вориди дарвоза кард.
"Ин дидор барои ман бозии вижае буд. Бозӣ ба муқобили футболбозоне, ки онҳоро хуб мешиносам. «Барселона» ҳамеша рақиби неруманд аст. Имрӯз ҳар ду даста барои пирӯзӣ талош карданд ва мо ба ин чиз муваффақ шудем. Ин бозӣ барои мо дар арафаи Суперҷоми УЕФА таҷрибаи хубе буд»,-гуфтааст Хосеп Гвардиола, сармураббии "Бавария".
30-юми август "Бавария" дар чорчуби Суперҷоми УЕФА бо клуби "Челси"-и Лондон вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Эден Арена"-и Прага баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |