Истеҳсоли тилло 134,6 кило бештар шудааст
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон 994 кило тилло ва 855,5 кило нуқра истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 134 ва 40 кило бештар мебошад.
Дар ин хусус муовини аввали вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, Пулод Муҳиддинов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода афзуд, ки “дурнамои имсолаи истеҳсоли тилло дар кишвар бетағйир мондааст.”
Қаблан вазири саноат Гул Шералӣ зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар соли 2013 истихроҷи 3 тонна тилло ба нақша гирифта шудааст ва бо мақсаи иҷрои он корхонаҳои нав ифтитоҳ гардида, ба наздикӣ коркарди маъданҳои истихроҷи реги тилло шурӯъ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар соли 2012 2,4 ҳазор кило тилло истихроҷ шудааст, ки аз нишондоди соли 2011 160,8кг бештар аст. Истихроҷи нуқра дар соли 2012, 1767 кило будааст, ки аз соли 2011 3,1кг бештар аст. Мувофии нақша, имсол, истихроҷи нуқра бояд аз нишондоди соли гузашта кам набошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |