Тағоева дар бораи муҳоҷирзанҳо, талоқ ва фоҳишаҳои тоҷик

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод на танҳо занон, балки мардони тоҷик низ муроҷиат мекунанд.
Тағоева, имрӯз, 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли равон ба ин ниҳод 152 нафар хаттӣ ва 199 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд, ки аз инҳо 14 нафарашон мардон мебошанд. Ба гуфтаи Тағоева аз миёни мардон якеаш аз болои хушдоман шикоят кардааст, ки ба ӯ фишори равонӣ меорад: "Якеашро занаш латту кӯб намудааст. Дигаре барои маблағ. Дар маҷмуъ аксари мардон барои моҷарои оилавӣ муроҷиат кардаанд."
Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ аз ин шикоятҳо 47 нафарашон мушкили ҳуқуқӣ, 32 нафар мушкили молӣ, 31 нафарашон барои тақсими хона, 6 нафар барои никоҳи бекоршуда, 13 нафар барои мушкили додгоҳӣ, 7 нафар барои ҷои кор ва 2 нафар барои вазъи саломатӣ муроҷиат кардаанд.
Афзоиши муҳоҷират ва фавти 38 муҳоҷирзани тоҷик
Тағоева инчунин иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 551 ҳазору 209 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон 81 ҳазору 737 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди муҳоҷирзанони тоҷик дар нимсола 30 ҳазор афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Кумитаи занон давоми шаш моҳ 38 зани тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ фавтидаанд.
Афзоиши талоқ
Тағоева мегӯяд, афзоиши муҳоҷират боиси зиёд гардидани азҳампошии оилаҳо шудааст. Ба иттилои ӯ дар шашмоҳаи аввали соли равон 4 ҳазору 107 талоқ сабт шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 81 ҳолат зиёд мебошад.
Сабти 1597 фоҳиша дар Тоҷикистон
Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, тайи шашмоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 1597 нафар фоҳиша, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд, сабт шудаанд. Ба иттиллои ин ниҳод теъдоди фоҳишаҳо тайи нимсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 нафар афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |