Арзиши қасри духтари президент дар Амрико 35 миллион доллар гуфта мешавад

Духтари хурдии райиси ҷумҳури Узбакистон қасраш дар Беверли-Хиллз, штати Калифорнияи Амрикоро 25 миллион доллар арзонтар харидааст. Дар ин бора торнамои curbed.com хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, замоне барои қасри Le Palais дар Калифорния 58 миллион доллар пурсида мешуд, аммо Лола Каримова бо қимати 32.75 миллион доллар онро ба даст овардааст.
Қаблан, гуфта мешуд, ин қаср, ки зери тарроҳии Муҳаммад Хадид бунёд шудааст, 58 миллион доллар нарх дорад. Он ҳудуди 4,5 ҳазор мери мураббаъ буда, аз ҳафт утоқи хоб, 11 ҳаммом (бо иловаи як ҳаммоми туркӣ), толор ва кинотеатр барои 50 ҷой иборат аст.
Дар гузашта низ ВАО аз харҷи маблағҳои зиёди духтарони президенти Узбакистон дар хориҷ аз кишвар хабар дода буданд. Барои мисол, соли 2010 гуфта шуд, ки Лола Каримова дар Женеве қасреро бар ивази 41 миллион доллар харидорӣ кардааст. Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов бошад, бустонсароеро дар Швейтсария 18 миллион доллар харидааст.
Лола Каримова аз соли 2008 намояндаи Узбакистон дар ЮНЕСКО аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |