Раиси Шӯрои уламо гуфт, бархе ходимони масҷид номи Худоро намедонанд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз паст будани фарҳанги динии бархе аз ходимони масоҷиди кишвар нигаронӣ кард.
Абдулқодирзода рӯзи 26-уми июл қабл аз адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт: ”Бародаре ба ман гуфт, аз корманди масҷиде, ки панҷ вақт намозашро бо ҷамоат адо мекунад, пурсидааст, номи Худо чист? Ӯ посух дода, ки “Муҳаммад”, баъди чанд лаҳза фикр кардан гуфтааст, на, на, “Иброҳим” (Ба Худованд паноҳ мебарем).
Раиси Шӯрои уламои кишвар ҳарчанд аз ин корманди масҷид ном набурд, вале таъкид кард, ки ин фард бо вуҷуди ходими масҷид буданаш, ҳатто номи Худовандро намедонистааст.
Ҳамчунин, Абдулқодирзода дар ин суханронӣ бори дигар аз намозгузорони кишвар хоҳиш намуд, то ҷиҳати интихоби як нафар, ки раванди сохтмони бомпӯши саҳни масҷиди марказиро раҳбарӣ кунад, кӯмак кунанд. «Ҳадди аққал як соҳибкоре бошад, ки ин сохтмонро пешбарӣ кунад мешавад»,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта низ раиси Шӯрои уламои кишвар борҳо ба намозгузорон муроҷиат карда, гуфта буд: “ниёз ба як комиссия аз берун дорем (комиссияе, ки масъулони масҷиди марказӣ ва Шӯрои уламо шомили он набошанд), то сарфу хароҷоти ин сохтмонро таҳти назорат бигирад”.
Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст. Як идда аз мусалмонҳо бо далели дар дохил набудани ҷой дар саҳни масҷид, ки болопуш надорад, намоз мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |