Бахши форсии сайти Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъол шуд
Бахши форсии торнамои расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 18-уми июл бо нишонии https://fa.pivt.org фаъол гардид.
Торнамои расмии ҲНИТ то кунун бо ду забон -- тоҷикӣ ва русӣ дастраси корбаронаш буд. Дар ин торнамо хабарҳо дар мавриди фаъолияти ҲНИТ ва ахбори муҳими фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоии дохилию хориҷӣ, ба хусус ҷаҳони Ислом бо ду забон ва се хат, тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ нашр мешавад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ки торнамо ва нашрияи худро дорад. Инчунин ин ҳизб борҳо барои таъсис шабакаи телевизионии худ талош карда, ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале ҷавоби мусбат нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |