Воҳидова: Сардори зиндони Хуҷанд ба шоҳидони шиканҷа фишор меорад
Имрӯз, 30-юми июл, мурофиаи додгоҳии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар паҳни иттилои дурӯғ дар мавриди шиканҷа муттаҳам мешаванд, барои бори дуюм ба таъхир афтода, ба рӯзи панҷшанбеи 1-уми август гузошта шудааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, ҳушдор медиҳад, ки бо зерҳимояаш ба мурофиаи рӯзи 1-уми август низ ҳозир нахоҳанд шуд, агар он дар бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор нагардад. Воҳидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, агар мурофиаи навбатӣ низ дар СИЗО-и Хуҷанд баргузор шавад, дар он иштирок намекунанд: “Зерҳимояи ман Тошов гуфт, бигзор додгоҳ қазияро бе ҳузури ӯ баррасӣ кунад. Ин дархост, то пайдо нашудани имкниятҳои моддиву техникӣ барои интиқоли айбдоршавандаҳо ба додгоҳ кушода монд.”
Воҳидова афзуд, ки дар парвандаи маҳбусон Тошев ва Ризоев, кормандони зиндони Хуҷанд ҳамчун ҷабрдида баромад мекунанд: “Сардори муассиса, ки имрӯз ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст, хеле кӯшиш кард дар мурофиа ба шоҳидон шиканҷа фишор оварад. Ман эрод гирифтам, ки дар мурофиаи судӣ, ҳангоми тасдиқи далелҳо, сардори муассиса дахолат карда, халал расонида истодааст. Бинобар ҳамин ман талаб намудам, ки мурофиаи судии минбаъда дар толори додгоҳи шаҳри Хуҷанд гузаронида шавад.”
Дар ҳамин ҳол Воҳидова илова намуд, ки дар қонун ҷои баррасии парванда толори суд нишон дода шудааст, на ягон муассисаи ислоҳӣ. Вакили мудофеъ ҳушдор дод, ки то иҷрои ин талабот аз ҳузур дар мурофиаҳо худдорӣ хоҳанд кард.
Тошев ва Ризоев, ки тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.
Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |