Амрико алайҳи Эрон таҳримҳои нав эъмол мекунад
Маҷлиси намояндагони Амрико бо райъи бештар қарори эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эронро қабул кард. Ба ҷонибдорӣ аз ин санад 400 вакил ва ба муқобили он 20 намоянда овоз додааст.
Дар ин қарор хоста мешавад, ки хариди нафти Эрон давоми як соли оянда то 1 миллион бушка дар як рӯз кам карда шавад ва то соли 2015 воридоти нафти Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ қатъ гардад. Бар асоси ин ҳуҷҷат кишварҳои сеюм, ки манбаи алтернативии хариди нафт пайдо намекунанд, ҷаримаҳои бузург баста мешаванд.
Ҳадафи ин таҳримот ин аст, ки Эрон аз барномаҳои баҳсбарангези атомиаш даст бардорад. ИМА ва ҳампаймонҳояш мегӯянд, Эрон дар талоши тавлиди силоҳи ҳастайӣ аст, аммо Теҳрон ҳамеша ин иддаоро рад кардаву гуфтааст, мақсадаш танҳо дастёбӣ ба нерӯи арзони барқ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |