(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

Масъулини экологияи Душанбе имрӯз, 2-юми август, бо ҳузури рӯзноманигорон аз корхонаҳои Душанбе дидан карданд, ки бархеашон тозакунии оби партовро дуруст ба роҳ намонда, муъҷиби заҳролудшавии пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии поёноби он мегарданд.
Людмила Бобритская, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, зимни боздид аз корхонаи коркарди пӯст, “Истиқо” изҳор дошт, ин корхона партовобҳои заҳролудро ихроҷ дорад. Бобритская шарҳ дод, ки дар чунин корхонаҳо бояд таҷҳизоте насб шаванд, ки обро баъди истифода дар истеҳсолот аз нав коркард кунанду боз дубора мавриди истифода қарор диҳанд.
Ӯ афзуд, ки аз рӯи ифлосӣ обе, ки зимни коркарди як пӯст ихроҷ мешавад, баробари онест, ки метавонад аз минтақаи аҳолинишини 5 ҳазорӣ берун гардад. Бо вуҷуд коркарди об дар ин корхона ба роҳ монда нашудааст ва оби партов ба дарё меравад.
Корхонаи дигаре, ки ба гуфтаи Бобритская оби ифлосаш ба дарёи Душанбе ворид мешавад, корхонаи сементбарории “Декорсервис” дар маҳаллаи Лучоби пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Масъулини экология мегӯянд, намунаи хуби коркарди дубораи об дар ҳавзи шиноварии муосир дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо обро аз тайи замин мегиранд ва баъди истифода, азнав онро коркард мекунанду дубора мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки барои роҳандозии коркарди дубораи об дар корхонаҳои Душанбе мусоидат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |