АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ҳаракати нақлиёт ба се деҳаи ин ноҳия, танҳо баъд аз муддати шаш шабонарӯзи таваққуф дубора барқарор шудааст. Равуои нақлиёт ба деҳаҳои Ванҷи Боло - Поймазор, Ван-вани болову поён ва Сунгати ин ноҳия тахминан шаш рӯз қабл дар пайи обхезии дар дарёи Ванҷ, дар наздикии деҳаи Мурғутга ба миён омада буд.
Рустамшоҳ Ёдгоршоев, раиси ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тахминан ним соат мешавад ҳаракати нақлиёт ба деҳаҳои Поймазор, Ван-вани болову поён, Сунгати ноҳия барқарор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Старғи ин ноҳия мегӯянд, ҳарчанд ҳаракати нақлиёт ба се деҳаи Ванҷи боло аз масири Мурғутга барқарор шуда аст, аммо ҳамин лаҳзаҳо иртиботи заминӣ миёни Старғ ва Мурғутга ғайриимкон мебошад: “Субҳи имрӯз, 5-уми август, сели об 200 метр аз роҳи мошингард, ки деҳаи Старғро бо Мурғутга мепайваст, корношоям карда, рафту омад миёни ин деҳаҳо қатъ шудааст.”
Ба гуфтаи Ёдгоршоев, ҳоло дар макони ҳодиса корҳои барқароркунӣ бо кумаки мардуми маҳаллӣ тариқи ҳашар ва техникаҳои Вазорати мелиоратсия ва оби ҷумҳурӣ идома дорад: “Ҳоло корҳои барқарорсозӣ тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар макони хавфноки ҳодиса-деҳаи Мурғутга рафта истодааст.”
Бояд гуфт, қатъи ҳаракат миёни деҳаҳои ноҳияи Ванҷ ва хароб гардидани роҳҳои мошингарду шусташавии даҳҳо гектар замини кораму ҷангалзорҳои минтақа дар пайи обхезии рӯди Ванҷ бори аввал набуда, солҳо инҷониб сокинонро азият медиҳад.
"Танҳо дар соли гузашта ҳудуди 50 гектар замини корам ва ҷангали рустои Ширговади ноҳияи Ванҷ дар пайи обхезӣ дар дарёи мазкур аз байн рафт",-мегӯяд як сокини ин деҳа. Аксари мардуми Ванҷ бар ин назаранд, ки фақат дар он сурат аз таҳдиди селу обхезӣ эмин шудан мумкин аст, ки агар соҳилу канораҳои дарёи Ванҷ ба таври ҷиддӣ ва ҳирфаӣ мустаҳкам карда шавад, на бо сангу шағалу реги одӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |