Гуруҳи ҳунарии Рига аз Наргис Бандишоева ёд мекунад
«Tribute To Nargis». Зери ҳамин ном дар Душанбе гуруҳи «Баракат»-и Рига консерти зинда медиҳад.
Аз маркази фарҳангии «Бохтар» ба «Озодагон» гуфтанд, ин барномаи ҳунарӣ 11-уми август дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» баргузор мешавад.
«Арзиши чипта 120 сомонӣ буда, албоми гуруҳи «Баракат» туҳфа дода мешавад. Дар ин консерт «Баракат» бештар таронаҳои Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев, Олег Фейзов, Далер Назаров ва гуруҳи «Шамс»-ро иҷро мекунад»,-афзуд манбаъ.
Гуруҳи «Баракат»-и Рига мусиқии қадимии Шарқро бо мусиқии муосири Ғарб омезиш медиҳад. Дар эҷоди гуруҳ мусиқии тоҷикӣ ҷойгоҳи вижае дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |