Фидоии маргталаб ҷони дасти кам 31 касро гирифт
Фидоии маргталаб дар шаҳри Кветтаи вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон маводи таркандаро фаъол кард, ки дар натиҷа дасти кам 31 кас ба ҳалокат расида, беш аз 50 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои хориҷӣ иттилоъ додаанд.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса замоне иттифоқ афтодааст, ки одамон дар маросими дафни афсари пулис, ки субҳи дирӯз, 9-уми август аз сӯи афроди номаълум кушта шуд, ширкат доштанд.
Шоҳидони воқеа гуфтаанд, вақте қатори мошинҳои кормандони воломақоми пулис ба ҷои баргузории ҷаноза омаданд, террорист худро миёни тудаи одамон гирифта, маводи мунфаҷираро, ки дар камараш баста буд, фаъол кардааст.
Намояндаи пулиси маҳаллӣ иттилоъ додаст, ки дар пайи ин ҳодиса 25 пулис ва 6 сокини осоишта, бо шумули кӯдакон ба ҳалокат расидаанд.
Масъулияти ин амали терорриро касе то ҳанӯз бар душ нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |