Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон то охири август муайян мешавад

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ имрӯз, 10-уми август, зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе консепсияи ягонаи номзад ба интихоботи президентиро таҳия мекунад.
Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Иттиҳоди мазкур дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки дар сурати қабули консепсия, эҳтимол меравад то охири август номзади ягона низ интихоб гардад: «Барои таҳияи консепсия андешаи аъзои иттиҳод ва коршиносон ба назар гирифта мешавад. Баъд номзади ягона барномаи пеш аз интихоботии худро бо дарназардошти нукоти аслии консепсия омода хоҳад кард.»
Дар аввоили моҳи июл намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди номзади ягона ва ширкат дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буданд. Дар ҳамоиши қаблӣ Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, то кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демокртаӣ эълон кардааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат хоҳад кард. Инчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, низ чанде пештар дар ҷавоб ба саволи корбарони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” эълон дошт, ки агар нерӯҳои демократӣ бихоҳанд, ба ҳайси номзади ягона иштирок мекунад. Аҳзоби дигар, аз ҷумла ҲНИТ низ изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |