Давоми шаш моҳи ахир Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя 88 миллион метрии мукааб сӯзишвории кабуд гирифтааст.
Сайидмуҳаммад Шарофиддинов, директори генералии ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд, дар 21-рӯзи моҳи июл тибқи нақша воридоти газ аз Ӯзбакистон 13 миллион метрии мукаабро ташкил додааст. Номбурда, ки зимни нишасти хабарие сӯҳбат мекард, афзуд, ки алъон дар заминаи гирифтани гази табиӣ аз ҷониби ҳамсоякишвар мушкиле надоранд. Ба қавли номбурда тибқи қарордоди дуҷониба дар семоҳаи аввали соли равон «Тоҷиктрансгаз» барои 1000 метри мукааб гази табиӣ ба «Узтрансгаз» 227 доллару 85 сент пардохт мекард, аммо дар семоҳаи дуюм ҷониби ҳамсоя барои ин миқдор сӯзишвории кабудаш 249 доллару 19 сент меситонад. «Бинобар боло рафтани нархи нафт дар ҷаҳон ва умуман афзоиши қимати маҳсулоти нафтӣ семоҳаи сеюм арзиши гази табиӣ ба 284 доллару 33 сент баробар хоҳад шуд»,-гуфт Сайидмуҳаммад Шарофиддинов. Ба гуфтаи директори генералии ширкати «Тоҷиктрансгаз» истифодабарандагони аслии гази табии Ӯзбакистон дар ҷумҳурии мо корхонаи истеҳсолиянд.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки алъон Тоҷикистон гази табииро аз «Узтрансгаз» ба таври пешпардохт мегирад ва аз ширкати ҳамсоя қарздор нест.{jathumbnail off}
Мӯҳр