Бахшҳо

Табаров: Ифшои аксҳои «ҷабрдида» ба рафти тафтишот таъсире нахоҳад дошт

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, имрӯз, 16-уми август, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки аксҳои нашршуда дар Фейсбукро дид ва таъйид намуд, ин ҳамон духтарест, ки Саидовро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад.

Исҳоқ Табаров дар мавриди паҳни аксҳои духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки аз асли қазия иттилои кофӣ надорад ва изҳор дошт, ки ин ҳолат бояд ба раванди тафтишот халал нарасонд. Табаров илова намуд, ки айни ҳол ҷониби ҳимоя пофишорӣ дорад, то парвандаи марбут ба таҷовуз қатъ карда шавад, “зеро дар парванда, гӯиё ҷиноят 5 сол пеш содир шудааст ва айни ҳол тафтишот ягон далели қатъӣ надораду исботи он мушкил аст.”

Маврид ба зикр аст, ки таърихи 12-уми август дар боздоштгоҳи муваққатии кумитаи амният мулоқоти рӯ ба рӯи духтари ҷабрдида дар парвандаи таҷовуз бо Зайд Саидов доир гардид.

Зайд Саидов дар мулоқот гуфт, ки духтарро бори аввал мебинад ва дар гузашта бо ӯ ягон алоқае надоштааст. Аммо духтар, ки ному насабаш махфӣ нигоҳ дошта мешавад, таъкид кардааст, ки Зайдро мешиносад ва воқеан таҷовуз дар соли 2008 ҷой доштааст. Ба гуфтаи тафтишот он замон ин духтар 14-сола будааст.

Ҳарчанд оҷонсии мубориза бо фасод ва гурӯҳи тафтишотӣ ба хотири ҳифзи нуфуз ва амнияти ҷабрдида шахсияти ӯро махфӣ нигоҳ медоштанд, субҳи дирӯз, 15-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наздик ба 30 акс пайдо гардид. Аксҳо дар назди баромадгоҳи боздоштгоҳи мувақатии кумитаи амният бардошта шуда, дар он духтари ҷабрдида, вакили дифоъ ва муфаттиши қазияи Зайд аксбардорӣ шудаанд. Бисёри корбарон дар 19-сола будани духтари “ҷабрдида” шубҳа кардаанд.

Дар ин робита Табаров изҳор дошт, ки «мо то ба ҳол шиносномаи духтарро надидаем ва танҳо аз руйи парванда синну соли духтарро медонем. Аз гуруҳи муфаттишон албатта талаб мекунем, ки дар баробари дигар маълумот ва аснод ба мо шиносномаи духтарро низ пешниҳод кунанд».

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра пеш гузоштаанд.
Мӯҳр
"Дар ин робита Табаров изҳор дошт, ки «мо то ба ҳол шиносномаи духтарро надидаем ва танҳо аз руйи парванда синну соли духтарро медонем". Ман хайрони хамин чумлахои адвокат.Чи тавр метавон бо шахсияти ин духтар (аз руи шиноснома-хуччати тасдиккунандаи шахсият) шинос нашуда. барои гузаронидани рубарукуни рози шудед???? Агар шумо бо шиносномаи ин духтар шинос мебудед, мумкин дар рафти гузаронидани протоколи рубарукуни саволхо пайдо мешуданд. Ба сурати ин духтар нигох карда ба сину соли у шубха зиёд аст.

Гизала
Дар дах дакика шиносномаи калбаки тайёр карда меоранд. Бовар кунед, хамон духтар на модар дораду на падар.

Манучер
Э бача и дхтара 19 сола меганш да сурат ихелиай агар ай пеш биниш 10 км мегрези у дхта бай тай як сира хастай да

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)