Бахшҳо

Адолатшоев: Ҳамлагарон ба гуруҳи кории ҲНИТ аз Бадахшон набуданд

Саодатшо Адолатшоев, муовини раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон, ки шоми 15-уми август, ҳангоми ҳамлаи афроди номаълум ба гуруҳи кории наҳзатиҳо дар Шуғнон, мавриди латту кӯб қарор гирифтааст, дар суҳбат бо “Озодагон” ҷузъиёти ҳодисаро нақл кард.

Ҷаноби Адолатшоев дар суҳбат бо Ҳумайрои БАХТИЁР, хабарнигори “Озодагон” гуфт, шоми дирӯз баъди пешниҳоди ариза ба пулис ба беморхона рафта, аз ташхис гузаштааст. Пурсиши аввали мо ҳам аз ҷаноби Адолатшоев ин буд, ки оё он гурӯҳи дарафтодаро қаблан дида буд, ё тахминан шиносоие дорад?

Адолатшоев:
Ман онҳоро намешиносам. Чун онҳо шахсони Бадахшон набуданд. Аз дигар ҷо будаанд. Бо он амалҳое, ки анҷом доданд, метавонам, бигӯям, ки эҳтимол намояндагони мақомоти амният буданд.

Озодагон:
Шумо аз куҷо муайян кардед, ки онҳо мардуми Бадахшон нестанд?

Адолатшоев: Чун ман мардуми маҳаллиро мешиносам. Ин гурӯҳ таъқибро аз Рушон оғоз карданд. Мо то замони ҳамла чанд маротиба нақлиёти онҳо, «Тангем»-ро мушоҳида кардем.

Озодагон: Ба чӣ далел тахмин мезанед, ки онҳо бачаҳои амният буданд?

Адолатшоев:
Бо ҳамон корҳое, ки онҳо дар нисбати мо анҷом доданд. Аз вақте, ки аз Дарвоз меомадем. Тамоми он пурсишҳое, ки аз мо доштанд ва он фишорҳое, ки болои мо буд, амали гурӯҳи ношинос ба монанди ҳамон корҳои амниятӣ буд. Дар Бадахшон ҳама маро мешиносанд. Ман бовар надорам, ки дар насбати ман як нафар бадахшонӣ чунин корро анҷом бидиҳад. То имрӯз ягон нафар бадахшонӣ ба ман даст боло накардааст.

Озодагон: Шумо фикр намекунед, ки ин ҳамла шояд аз тарафи гурӯҳи саввум барои таҳрики ҲНИТ ва ҳукумат анҷом ёфтааст?

Адолатшоев:
Не, ман чунин фикр намекунам. Бо он ҳама фишору таъқибе, ки дар инҷо ба аъзои ҳизб сурат мегирад, гуфта метавонам, ки шояд ин аввалин ва охирин ҳолат ҳам набошад.

Озодагон:
Яъне қабл аз ин ҳам ба шумо мақомот таҳдид мекард?

Адолатшоев: Пеш аз ин бо роҳҳои тӯҳмат, болои ман таъқибу фишорҳо буд. Як мисолашро меорам. Вақте дар шаҳри Хоруғ ҷанг шуда буд, ман он вақту соат дар беморхона буда, ҷароҳат доштам. Ҳолам 3-4 рӯз чунон вазнин буд, ки ҳатто бо кумаки ду нафар ба берун баромада наметавонистам, чун дар шуъбаи эҳёгарӣ будам. Аммо расман хабар доданд, ки Саодатшо Адолатшоев, ҷонишини ҲНИТ бо гурӯҳе бо он касоне, ки ҷанг мекунанд, пайвастааст. Ман ҳамеша муқобили ҷанг будам. Мегуфтам, ки ҷанг набояд сурат бигирад. Ҳамеша мегӯям, ки агар нафаре бо роҳи ҷанг мехоҳад қудратро бар дасти худ бигирад, лаънат бар ӯст.

Озодагон:
Аз пулис дар мавриди шахсияти гурӯҳи ношинос хабаре ҳаст?

Адолатшоев:
То ба ҳозир ба мо аз пулис хабар нарасидааст.

Озодагон:
Тавре маълум аст, вақтҳои охир дар Бадахшон чанде аз намояндагони ҲНИТ аз фаъолияти ин ҳизб тавассути шабакаҳои телевизионӣ шикоят мекунанд. Мегӯянд, ки чунин баромадҳо бо роҳи фишор сурат мегирад. Оё ба шумо чунин муроҷиат шудааст?

Адолатшоев:
Ба ман муроҷиат набуд, чун медонанд, ки ин бефоида аст. Дар сурати чунин муроҷиат ман зуд онро матбуотӣ хоҳам кард. Аз ин хотир ба ман пешниҳод намекунанд.

Озодагон:
Он нафароне, ки баромад карданд шумо бо онҳо сӯҳбат доштед? Онҳо гуфтанд, ки бо роҳи фишору муроҷиат ба ин кор даст задаанд?

Адолатшоев: Дирӯз, мо бо Амирбек Қаёмбеков, раҳбари бахши ҲНИТ дар Рӯшон сӯҳбат доштем. Амирбек Қаёмбеков гуфт, кормандони амният аз ӯ хоҳиш кардаанд, то материали навиштаашонро барои телевизион бихонад. Онҷо хабарнигорон низ будаанд. Амирбек Қаёмбеков ин хоҳиши онҳоро рад мекунад. Дар ҷавоб намояндагони амният мегӯянд, ки ӯ ба унвони халифаи маҳаллӣ ба сиёсат кор нагирад. Амирбек Қаёмбеков гуфтааст, ки ин тавр бошад ман аз масъулияти ҲНИТ мебароям, вале алайҳи ҳизб чизе нахоҳам гуфт.
Мӯҳр
Хуб, ба ин казия чи мегуянд? Булбулов эзорсурхак барин аз ки химоя мекарда бошад? Точири мевафуруш чи? Сардори РКД-и вилояти ГБАО чи? Кодир Чинчов чи мегуяд?

Kosh badakhshoniho in qadar jigar medoshtand,khub latu kubatomn mekardand......

Сироч
Чунин рафтори номардона худ гувохи номардист,ки барои хадфхои сиёсии худ шуда хар роху василаи гайри конун бударо пеша мекунанд.Ба бародар Саломатшох сабру тахамул ва дар иродааш кави буданро хохонам .

бохабар
Ин гурух сурат ё наворе аз лахзаи тахти хамла карор гирифтанашонро нагирифтаанд. Ба бозии худнамои хеле монанд аст. Агар деву парихо бо онхо хамла карда бошанд.маълум.ки дар аксу навор наменамоянд. Дигар мардуми Бадахшон на ХНИТ медонанду на гурухи онро. Амниятихо бощанд онкадар мардуми бекора нестанд. ки аз кадом махалли дигар 500-600 км-ро барои куфтани кадом як гурухак тай кунанд. Вохима хам ба эбаш

Кудрат
Дар хакки ин нахзатихо дуо рафтааст, агар мургошон хам касал шавад аз одамои амният мебинанд.

Абдуллох
Бовар кунед ин ба хотири реклама ва бадномкунии хукумат аст. онхо яъне нахзатихо хамон кореро анчом доданд, ки нисбати Махмадали Хайит карда буданд. Аммо ин бечорахо намефахманд зеро кобилияти дарк кардан надоранд. Яъне барои нишон додани фишор нахзатихо худашон ташкил карда Хайитро заданд ва монанди кукла бурда ба мехмонон- хочагони хоричияшон нишон доданд, ки онхо ба ФИШОРИ ХУКУМАТ БОВАР КУНАНД. Ин низ дасисаи навбатии нахзатихост. набошад наход ХУКУМАТИ ЧТ аз задан дида дигар механизми махви онхоро надошта бошад.

Абдуллох,
АБДУЛЛО МАН ДАР БОРАИ ХАЙИТ ВА ДИГАР НАЗХАТИХО ХЕЧ ЧИЗ ГУФТАНИ НЕСТАМ, ЛЕКИН ГУФТАНИ ХАСТАМ, КИ ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОНИ МО ДАР ХАКИКАТ БА ХАМАИ ШАРОИТИ ТОЧИКИСТОН ГУНАХКОРАНД БА ДАРАЧАЕ ГУНАХКОРАНД, КИ БОЯД ХУДАШОН ХУДАШОНРО ХЕЧ ГОХ НАБАХШАНД

Тошмат
Абдуллох,
Бародар Абдуллох номардхо хам ранги деву пари дар камера намеафтанд...

Абдуллох,
Он чи ки аён аст хоҷат ба баён нест.....


Санаи 17.08.2013 сол дар вилояти Бадахшон, чаласаи ҳизби наҳзати исломии Точикистон баргузор гашт. Дар чаласаи ҳизби мазкур роҳбарони ва аъзоёни ҲНИТ-и шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону - Рушон тамоман иштирок накарданд ва дар баробари ин онҳо изҳор намуданд, ки аз сафи хизб даст мекашанд. Инчунин, номбурдагон қайд намудаанд, ки «ин ҳизб дар Бадахшон бояд вучуд надошта бошад».
Раиси ҳизби наҳзати исломии ноҳияи Ишкошим аз иштирок дар чаласа даст кашида, баён намудааст, ки аз аъзогии хизб худро дар канор хоҳад кард.
Хангоми баргузории чаласа Рохбарии хизбро ягон нафар аъзои он ба зимма нагирифта, бо хар баҳона аз он даст мекашиданд. Яке аз аъзоёни хизб, Саодатшо Адолатов рохбари ячейкаи ХНИТ -и вилояти Бадахшонро ба уҳда гирифта, марказашро дар деҳаи Язгулом чойгир кардааст.

Обое, хеч хамин нахзатиёнро фахмида намешавад. Мегуянд 3000 аъзо дар Бадахшон дорем. Дар мачлисашон аз аксарияти нохияхо аъзоён намебиёянд. Хатто масъулини хизби масъулияро аз душашон сокит мекунанд. Боз даъвои ба даст овардани хокимиятро доранд. Рахбари бахши нохияи Рушон бошад, факат бо шарту шароити мувофик аз хизб мебаромадааст. Ба кавли урусхо кори ин хизб "курам на смех". Биёед, монед, ман медонам, ки ягон одами босаводу аз сиёсат огох дар Бадахшон ба ин хизб шомил нахохад шуд. Онхое, ки риш доранду даъвои нахзати кардан доранд бештарашон мардуми омми ва аз руи хавасхои хавои худро ба ин хизб мезананд. Теъдоди онхо хам он кадар зиёд нест. Худовандо, ватану миллати махбуби моро аз фитнаю дасиса ва мочарохо дар панохи худ нигох дор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)