Барканории корманди додситонӣ барои бадрафторӣ дар масҷид
Дар Қазоқистон як корманди додситониро барои тамоку кашидан дар дохили масҷид аз кор рондаанд.
Расонаҳои қазоқӣ такя ба иттилои додситонии вилояти Ақмоли Қазоқистон хабар додаанд, ки бо фармони додситони ин вилоят рӯзи 12-уми августи соли ҷорӣ мушовири хурди додгустарӣ барои паст задани шарафи мақомоти додситонӣ аз вазифааш сабук душ карда шудааст.
Мақомти додситонии вилояти Ақмол сабаби аз кор рондани корманди худро чунин шарҳ додаанд: “Шоми 19-уми июл ин корманди додситонӣ дар ҳолати мастӣ сари чанбарак нишаста, дар натиҷаи вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бо мошини дигаре бармехурад.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаи “Newtimes.kz” аз қавли шоҳидон ҳодиса, ин корманди додситонӣ шоми 18 ва 19 –уми июли соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ дохили масҷид мешавад ва дар онҷо тамоку кашида, эҳтиёҷоти худро бароварда месозад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |